Хабарҳо

Таъсири телефони мобилӣ ба саломатӣ ва тарбияи насли наврас

        Дар замони имрӯзаи мо телефони мобилӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти кӯдакон ва ноболиғон гардидааст. Истифодаи дурусти телефони мобилӣ ба кӯдакон имкон медиҳад, ки ба иттилоот дастрасӣ пайдо намда, бо дӯстону ҳамсолон иртибот барқарор намоянд ва дар таҳсил ва омӯзиш аз технология истифода баранд. Бо вуҷуди ин, истифодаи аз ҳад зиёд ва бе назорати волидайн метавонад ба саломатӣ, ҳолати равонӣ ва тарбияи ахлоқии кӯдак таъсири манфӣ расонад.

        Истифодаи тӯлонии телефони мобилӣ метавонад ба чашм ва бинои кӯдак зарар расонад, боиси хастагӣ ва реҷаи хоб гардад ва камҳаракатӣ, заиф шудани фаъолияти ҷисмонӣ ва паст шудани устувории баданро ба вуҷуд меорад. Аз ҷиҳати равонӣ, вобастагӣ ба телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ диққат ва қобилияти омӯзишро коҳиш дода, кӯдакро аз муҳити оила ва ҳамсолон дур мекунад. Дастрасӣ ба муҳтавои номатлуб ва иртибот бо шахсони ношинос метавонад ба ахлоқ, ҷаҳонбинӣ ва маърифати ахлоқии кӯдак таъсири манфӣ расонад ва эҳтимоли стресс ва изтиробро зиёд намояд.

        Ҳатто кӯдаконе, ки ҳанӯз ба сухан гуфтан шуруъ накардаанд, ба телефони мобилӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Масалан, ҳангоми дар телефон дидани наворҳои равшану ҳаракатнок ё садои ҷолибро нишон медиҳад, кӯдак соатҳои тӯлонӣ бо он машғул мешавад, ҳатто агар пештар ба бозии оддӣ ё ашёҳо машғул шуда бошад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки экран бо рангҳо, садоҳо ва ҳаракатҳо диққат ва таваҷҷӯҳи кӯдакро ба худ ҷалб мекунад, ки метавонад ба рушд ва иртиботи воқеии ӯ халал расонад.

        Бо назорати масъулонаи падару модар, маҳдуд кардани вақти истифода ва омӯзонидани тарзи дурусти истифодаи технология, телефон метавонад барои таҳсил ва рушди зеҳнӣ муфид бошад. Падару модар ва муассисаҳои таълимӣ бояд нақши калидӣ дар роҳнамоии кӯдак барои истифодаи оқилонаи технология дошта бошанд, то кӯдак ҳам аз манфиатҳои телефон истифода барад ва ҳам таъсири манфии онро кам намояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ вазифаи падару модарро дар назорат ва роҳнамоии рафтори кӯдак таъкид мекунад ва барои пешгирии таъсирҳои номатлуби технология заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

        Телефони мобилӣ худ ба худ зараровар нест, вале истифодаи аз ҳад зиёд ва беназорат мондани кӯдак метавонад ба саломатӣ, равонӣ ва тарбияи кӯдак таъсири манфӣ расонад. Назорати масъулонаи волидайн, маҳдуд кардани вақти истифода ва омӯзонидани тарзи дурусти истифодаи телефонҳо барои рушди солимии кӯдак ва ояндаи устувори ҷомеа аҳамияти калон дорад. Бо риояи ин усулҳо, кӯдак метавонад ҳамзамон ба таҳсил, рушди зеҳнӣ, тарбияи ахлоқӣ аҳамият диҳад ва барои ояндаи солим ва босамари худ ва ҷомеа заминаи воқеӣ фароҳам орад.

                      Котиби маҷлиси судӣ                                               Сатторов М.О.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *