Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон
Наврӯз
бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо
мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине
чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз
пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва
анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои
мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз
номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ
ба истиқболи Соли нав барпо мешавад.
Наврӯз
ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва
боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар фаслибаҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест, ки олами табииро зинда менамояд ва
деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ
Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон
дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад. Мувофиқи сарчашмаҳои
таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардиняшт, ки бо солшумории имрӯзаи мо ба
моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд.
Барои
ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад.
Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби
ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19
феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ “Рӯзи байналмиллалии Наврӯз” эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо
як шаҳомат таҷлил мегардад.
Дар
даврони истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои
тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини
ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ
бошукӯҳ таҷлил менамоем.
Пешвои
миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар аз 20.03.2014
қайд кардаанд, ки яке аз сабабҳои асосии мақоми байналмилалӣ пайдо кардани
Наврӯз ин дар ҷавҳари он нуҳуфтани инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва парастиши
некиву накукорӣ мебошад.
Наврӯзи
ҷаҳонӣ имрӯз низ метавонад дар ҳамгироиву ҳамкорӣ, сулҳу созиш ва дӯстиву
ҳамдигарфаҳмии мардуми сайёра нақши муассир дошта бошад, яъне инсониятро
муттаҳид созад ва ҳамчун василаи беҳтарини гуфтугӯи тамаддунҳо хизмат намояд”.
Бо
супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Нишони ҷашни Наврўз
таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Нишони
Наврӯз, ки бо
нишондодҳои улуми табиатшиносию ситорашиносӣ таҳия гаштааст, дар айёми
тантанаҳои наврўзӣ метавонад чун рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ аз ороишоти
асосии наврўзгоҳҳо ва нишони сарисинагии ҳар як фард бошад.
Дар
Нишони наврӯз, ки ба шакли кураи замин аст, қутбҳои шимолу ҷануб, нурафшонии
офтоб, оғози бедоршавии табиат, айёми киштукори донаҳои умед ва фасли баҳору
шукуфоӣ ва ҳамчунин тоҷи заррини Нишону Парчами Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд.
Хулоса,
дар ҷашни Наврӯз дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон дастархони идона ороста,
таъомҳои гуногуни миллӣ мепазанд ва хурду бузург хурсандона ин идро ҷашн
мегиранд. Ҳамасола рузи 21 март ҷашни Наврӯз дар тамоми гӯшаву канори
Тоҷикистон бо як шукуҳи хоса дар сатҳи баланди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ҷашн гирифта мешавад.
Навруз муборак!!!!!!!!
Муовини Раиси Суд Гулзода С.С.
