Хабарҳо

Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда  ва ояндаи миллатанд.

       Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунад. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.

      Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешавад.

         Тавре медонем, ин мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон эълон дошта буданд”.

         Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар-Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.

         Махсусан, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамояд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъол иятро барои ҷавонон вайваста таъмин месозанд.

        Дарстуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо бошад ва афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазоӣ софи Ватани азизамонро ғуборолуд созад.

         Ҳамин тариқ, ҷавононро мебояд амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд эҳсос намояд, ки масъулияти бузург бар дӯши ӯст.

            Хулоса бо ифтихор метавон гуфт, ки Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо ид, балки рамзи боварӣ ба нерӯи ҷавон ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.

        

                      Котиби маҷлиси судӣ                                         Чиллаева Шаҳноза  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *