Ваҳдати миллӣ – пояи устувори давлатдории Тоҷикон
Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои муқаддас ва дастовардҳои бузурги халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Маҳз ба шарофати ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист мушкилоти солҳои аввали истиқлолиятро паси сар намуда, ба роҳи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қадам гузорад. Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот ва пешрафти ҷомеа эътироф гардидааст.
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба як қатор мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардид. Низоъҳои дохилӣ ба ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар таъсири манфӣ расонид, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддиро ба вуҷуд овард. Дар чунин шароити душвор зарурати барқарор намудани сулҳу оромӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеа ба миён омад. Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми кишвар раванди сулҳофарӣ оғоз гардида, барои расидан ба ваҳдати миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам гардид.
Санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи сарнавиштсоз сабт гардид. Дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки он оғози марҳилаи нави рушди давлат ва ҷомеа гардид. Аз ҳамон вақт инҷониб ҳар сол Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳамчун ҷашни муҳимми давлатӣ таҷлил карда мешавад. Ин сана рамзи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ягонагии мардуми Тоҷикистон мебошад.
Ваҳдати миллӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аҳаммияти бузург дорад. Дар шароити сулҳу субот давлат имконият пайдо мекунад, ки барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро амалӣ намояд, сатҳи зиндагии аҳолиро беҳтар гардонад ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшад. Солҳои охир дар Тоҷикистон садҳо муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ бунёд гардида, роҳҳо, нақбҳо ва неругоҳҳои барқӣ сохта шуданд. Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи мустақими сулҳу ваҳдат мебошанд.
Дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши ҷавонон махсус мебошад. Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа бояд арзишҳои миллӣ, эҳтироми қонун ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро ҳифз намоянд. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ яке аз шартҳои муҳими пойдории ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар як ҷавон бояд дарк намояд, ки ояндаи кишвар аз дониш, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти созандаи ӯ вобаста аст.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳҷӯ ва соҳибистиқлол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи шоиста дорад. Ин дастовардҳо маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳнати содиқонаи шаҳрвандони мамлакат ба даст омадааст. Ҳифзи ваҳдат ва таҳкими он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад, зеро танҳо дар фазои сулҳу субот рушди устувор ва зиндагии шоиста таъмин мегардад.
Дар фарҷом бояд таъкид намуд, ки ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳо, сарчашмаи сулҳу оромӣ ва кафили пешрафти давлату миллат мебошад. Ҳар як фарди ҷомеа бояд барои ҳифз ва таҳкими ин арзиши муқаддас саҳми худро гузорад. Танҳо бо нигоҳ доштани ваҳдат, эҳтироми ҳамдигар ва ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонем Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу пешрафта гардонем.
Котиби маҷлиси судӣ Саторов М.О
