Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Иштироки роҳбарияти суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар Ҳамоиш дар мавзӯи «Хусусиятҳои баррасии баҳсҳое, ки аз муносибатҳои вобаста ба замин бармеоянд»

admin Чорабиниҳо

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кохи афсарон мизи мудаввар доир ба мавзӯи «Хусусиятҳои баррасии баҳсҳое, ки аз муносибатҳои вобаста ба замин бармеоянд» баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш олимон, устодон, мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров Содиқ Ашурович, Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳдти зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Бобишо Нарзулло, муовини Прокурори генералӣ, генерал-майори адлия Ваҳобов Вали Манонович, судяҳои Суди Олӣ Саидзода Маҳмадисо Мурод, Ваҳобзода Шаҳло Ҳотам, Оймаҳмадзода Маҳмадҷон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Исмоилов Шавкат Махмудович, намояндагони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, адвокатҳо ва судяҳои судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ширкат намуда, вобаста ба мавзуъҳои дар барномаи мизи мудаввар пешбинишуда баромадҳо намуданд.

Ҳамоишро раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ҳусни оғоз бахшида иброз намуданд, ки замин ва муносибат ба он ба рушди иҷтимоиёту иқтисодиёти миллӣ таъсири бевосита дорад. Тавре Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат дар Паёми навбатиашон қайд намуданд, соҳаи кишоварзӣ самти муҳими истеҳсолоти кишвар буда, истифодаи дурусту самаранок ва муносибати оқилона ба замин қабл аз ҳама ба сатҳу сифати зиндагонӣ ва некуаҳволии мардум, инчунин дастрасии сокинони кишварамон бо маводи озуқаи хушсифат пайвандӣ дорад.

Бо назардошти афзоиши баҳсҳое, ки аз муносибатҳои замин бармеоянд, Суди Олии иқтисодӣ гузаронидани чунин як ҳамоишро доир ба “Хусусиятҳои баррасии баҳсҳое, ки аз муносибатҳои вобаста ба замин бармеоянд” иқдом намуда, он дар ҳамкорӣ бо Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Amphko (USAID) ва Лоиҳа оид ба рушди ҳуқуқи истифодабарии замин дар доираи барномаи «Озуқаворӣ ба хотири фардо дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, охирин истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат додааст. Дар робита ба ин дар мизи мудаввар вобаста ба масъалаҳои татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқони (фермери), асосҳо ва тартиби қатъ кардани ҳуқуқи истифодаи замин, тартиби баррасии парвандаҳо дар бораи беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба замин мавриди муҳокима ва барраси қарор гирифтанд. Иштирокчиёни мизи мудаввар доир ба мавзуҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.

You May Also Like..

Тарзи истифодабари ва коркарди ҳуҷҷатҳо бо мақсади гузаштан ба низоми коргузории электронӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи нақшаи гузаронидани машғулияти семинарӣ бо кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *