Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Иштироки Раис ва судяҳо дар дарсҳои такмили ихтисос дар Суди олии иқтисодӣ

admin Чорабиниҳо

Имрӯз  дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи қисми 6 моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши касбӣ, гузаронидани такмили ихтисоси 13-нафар судяҳои судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанберо  шуруъ гардид, ки дар он Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода Зебонисо ва судяҳои суди иқтисодии шаҳри душанбе иштирок намуданд.

Тибқи барномаи тасдиқгардида судяҳои бо таҷрибаи Суди Олии иқтисодӣ ба ҳайси устодон ба судяҳои даъватшуда  дарс мегуянд.

Муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодизода А.С, дар сухани ифтитоҳии худ, дар  кушодашавии  дарси аввал  қайд намуданд, ки  чунин таҷриба  бори аввал  ҷорӣ гардида, минбаъд судяҳои судҳои иқтисодӣ дар алоҳидагӣ ба такмили  ихтисос  фаро гирифта мешаванд. Инчунин иброз намуд, ки  дар муддати  пешбинишуда аз фурсати  дарсдиҳии  устодони собиқадор истифода  бурда,  тамоми кӯшиш ва малакаи касбии худро  барои омӯзишу  баланд бардоштани  малакаи  касбии худ равона  созанд.

Ғайр аз ин қайд гардид,ки мавзӯҳои  омӯзишии пешбинӣ гардида, мавзӯъҳои актуалӣ ва баҳсталаб буда танҳо ба фаъолияти касбии ҳаррӯзаи онҳо таъллуқ дорад.

Бинобар ин, дар охир  ба ҳамаи  онҳо  дар омӯзиши  мавзуҳои дар барнома  пешниҳодгардида  барору  комёбӣ орзу намуд.

You May Also Like..

Тарзи истифодабари ва коркарди ҳуҷҷатҳо бо мақсади гузаштан ба низоми коргузории электронӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи нақшаи гузаронидани машғулияти семинарӣ бо кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *