Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иштироки Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар Мулокоти дуҷонибаи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Узбекистон

admin Хабарҳо

Имрӯз дар Китобхонаи  миллӣ  дар доираи сафари кории Раиси  Суди Олии  Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам  Камилов  Қозимҷон  Фазилович ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқоти   Раиси Суди Олии  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ  бо ҳайати  намояндагони суди  ин давлат   доир  гардид, ки дар он Муовини Раиси сули иқтисодии Шаҳри Душанбе Раҳимзода Хисрав иштирок намуд.

Чи равре, ки аз маркази матбуоти Суди Олии иқтисодӣ хабар медиҳанд, дар вохӯрӣ  аз ҳайати намояндагони  суди  Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  Раиси Суди Олӣ – Камилов  Қозимҷон  Фазилович, судяи  ҳамин суд Арабов Омонҷон  Ҷумаевич, ёрдамчии  раиси Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзаев Азиз Алишерович, раиси  суди вилояти Бухоро оид ба  парандаҳои  гражданӣ   Икромов Азамат Шодмонович ва раиси суди иқтисодии  Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Садиров  Азиз Муртазоевич, инчунин ҳайати  намояндагони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон : Раиси  Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда  Сатторӣ, муовини якуми раиси  суди мазкур  Қодирзода  Абдуҷаббор Сафаралӣ, судя Мирзозода Парвиз Таваккал, муовини  раиси  суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҳимзода  Хисрав ва роҳбари дастгоҳи  Суди Олии  иқтисодӣ Қаҳҳорзода Ҷамшед  ширкат  варзиданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстона, корӣ ва созанда сурат гирифт, масъалаҳои мубрам вобаста  ба низоми  судҳои  ду давлат,  ислоҳоти судӣ  ҳуқуқии гузаронидашаванда   муҳокима  гардиданд.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Қаландарзода  М.С.   меҳмононро ба   Тоҷикистон  хайрамақдам намуда,  қайд намуданд, ки  ин   вохӯрии аввалини   раисони  судҳои  олӣ дар зарфи 27 соли  Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистон   мебошад.

Инчунин таъкид намуданд, ки мардумони тоҷик  ва  ӯзбекро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Робитаҳои гуногунҷабҳаи байни тоҷикону ӯзбекҳо бар таҷриба ва муносибатҳои дарозмуддате, ки дар раванди таърихӣ ба миён омадаанд, асос ёфтааст.

Умумияти анъанаҳо, расму оинҳо, ақоиди динӣ, тарзи зиндагӣ ва ҳатто услуби либосҳои миллӣ, инчунин хусусиятҳои санъати мардумӣ, ки тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, табиатан халқҳои моро наздик намуданд.

Ғайр аз ин, муҳтарам Қаландарзода М.С, оид ба  таърихи  судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ва   ислоҳоти   суди ҳуқуқии  гузаронидашаванда   ибрози ақида намуданд.

Қайд шуд, ки  судҳои иқтисодӣ  самараи  истиқлолияти давлатӣ  буда, маҳз дар даврони истиқлолият  баъд  аз қабули  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷа  судҳо ҳамчун  шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ  эътироф  гардид,  ташкил карда шудаанд.

Инчунин, қайд шуд, ки   бо ташаббуси  Пешвои миллат дар даврони истиқлолият  барномаҳои  ислоҳоти судӣ  ҳуқуқӣ  қабул ва тасдиқ гардида,  дар низоми  судҳои ҷумҳурӣ тағйироти кулли  ба вуқуъ пайваст.

Дар шароити ҳозира лоиҳаи барномаи  нав  аз ҷониби  гуруҳи корӣ мавиди коркард қарор дорад.

Сипас Раиси  Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Камилов  Қозимҷон  Фазилович оид  ба  ислоҳотҳои  дар солҳои охир  дар низоми  судҳои  Ҷумҳурии Ӯзбекистон  гузаронидашуда  ибрози  ақида намуд.

Дар охир  Раиси Суди Олии  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Қаландарзода М.С.  бори дигар  меҳмононро ба сарзамини дӯстону бародаронашон  хайрамақдам гуфта,  ба онҳо  саломатии бардавом хушбахтӣ, сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва фаровонии неъматҳои ҳаётро таманно  намуда, туҳфаҳои  хотиравии  маҳсули  соҳибкорони ватанӣ  тақдим намуданд.

You May Also Like..

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *