Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати  ба амал  баровардани  адолати  судӣ  дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2020

admin Хабарҳо

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати  ба амал  баровардани  адолати  судӣ  дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2020 баргузор гардид.

Дар ҷаласа Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров Содиқ Ашурович, муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо,  кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, раисон ва судяҳои судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Мутобиқи  рӯзноми  маҷлис оид ба ҷамъбастии фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2020. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда маърӯза намуда, сипас ахбороти  муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода Зокир оид ба натиҷаи  фаъолияти марҳилаи кассатсинӣ ва назоратӣ  шунида шуд. Сипас оид ба натиҷаи фаъолият Раисони суди иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе баромад намуданд.

Дар идомаи маҷлис натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳури барраси гардида вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар охир Лоиҳаи қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисоди дар нимсола аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2020 – ро ироа намуданд, ки аз тарафи аъзоёни Раёсати Суди Олии иқтисодӣ якдилона қабул гардид.

Ахбороти натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисоди дар нимсолаи  якуми соли 2020 пурра ва муфассал интишор мегардад

Маркази матбуоти суди иқтисодии шаҳри Душанбе

You May Also Like..

Маҷлиси сайёри судӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саид Г.Н. ва котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зиёева М.И.

Санаи 11– уми августи соли 2020 соати 13-00 дақиқа аз рӯи парвандаи иқтисодӣ таҳти №1-95/20 бо даъвои ҶСП ТАҚХ “ Имон […]

Машғулияти семинарии судяҳо ва кормандони дастгоҳ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор […]

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *