Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Иштироки роҳбарият ва кормандони суд дар мизи мудаввар ба муносибати ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

admin Без рубрики

Санаи 24.11.2022 роҳбарият ва кормандони суд дар мизи мудаввар ба муносибати ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид иштирок намуданд.

Чорабинии Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.

Қайд гардид, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷамеаи мо ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз ҳар як шаҳрванди ба ору номуси Ватанро мебояд бо ҳисси баланди ифтихор арзишҳои муқаддаси кишвари сулҳу амонидоштаро пос дошта ва зери ливои Ватан шукргузорӣ намояд.

Дар идома, доир ба таърихи парчамдори ва ливодории хатчи тоҷик ёдовар шуда зикр гардид, ки чун сухан аз таърихи парчамдории халқи тоҷик ва корномаи Коваи диловар рафт, ба хотир шоҳасари ҷаҳонии Фирдавсӣ «Шоҳнома» – и безавол меояд, ки намунаи осори барҷастаи ватандӯстию тарғибгари некию мардонагӣ буда, аз муборизаи қаҳрамонони миллии халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.

Дар идома доир ба таърих, ва қабул гардидани парчами давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон суханрони карда шуд.

Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, дар парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст.

Зикр гардид, ки эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги мардуми шарафманди тоҷик дар пайравӣ аз сиёсати оқилона, созандаву бунёдкрона ва сулҳовару инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам бештар гардида, минбаъд низ дар зери Парчами миллӣ муттаҳид мешаванд, бо муҳаббату садоқат ба Ватани маҳбубу халқи азизамон баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ саъю талоши бештар мекунем.

Ҳамчунин дар идомаи ҳамоиши имрӯза иштирокчиён дар мавзӯҳои гуногун баромад намуда,  доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.

You May Also Like..

Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.

Сиву як сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Артиш миллӣ-неруи тавоно.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Ҳоло бо гузашти беш аз 30 сол аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ба […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *