Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

admin Без рубрики, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдор буданд, таъсис ёфтааст. Баъди соҳибистиқлолӣ нахустин кӯшиш дар ташкили артиш фармони Президенти Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» буд. Аммо ин кӯшиш барҳадар рафт. Танҳо баъди сессияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди Артиши миллӣ даст дод. 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

23 феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори якум Паради ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон эълон гардид. Ба ҳама маълум аст, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар заминаи холӣ, аз сифр оғоз шуда буд. Дар давраи тезу тунди вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ.Марҳилаи якум ба қавли коршиносон бунёди Артиши Тоҷикистонро ба се марҳила қисм кард. Дар марҳилаи 1-ум ҳадафи асосии таъсиси армия, ташаккули неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи музаффарияти истиқлолият қодир бошад, озодии шаҳрвандон ва мухторияту амнияти кишварро таъмин созад. Аз ин рӯ, гурӯҳҳои муташаккилу зудамал созмон дода шуд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо неруҳои зиддиҳукуматӣ ва ҳифзи сохти конститутсионӣ буд.

Соли 1994 ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ қариб тамоми қаламрави кишварро таҳти назорат қарор доданд. Солҳои 1994-1996 марҳилаи 2-юми ташаккули сифатан нави Артиши миллии Тоҷикистон ибтидо гирифт. Ба омода сохтани афсарони касбӣ дар Коллеҷи ҳарбӣ (ҳозира Донишкадаи ҳарбии Тоҷикистон) ва муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия ибтидо гузошта шуд. Низомномаву оинномаҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҳия шуданд. Дар ин миён дар Артиш Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ созмон ёфтанд. Ба таъсиси Қӯшуни таъиноти махсус низ аҳамияти махсус дода шуд. Пас аз имзои Созишномаи сулҳу истиқрори миллӣ байни ҳукумати конститутсионӣ ва роҳбарияти мухолифин дар соли 1997 марҳилаи 3-юми таъсиси Артиши миллӣ оғоз шуд. Дар ин марҳила бо ёрии дастгоҳи машваратчиёни Федератсияи Россия дар Артиши миллии Тоҷикистон намудҳои нави қӯшун бунёд ёфта, усулҳои самарабахши идоракунӣ, омодагии ҷангӣ ва амалиёти қӯшунҳо ба роҳ монда шуданд. Алҳол артиш аз Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал иборат аст. Сарбозони шуҷои Ватан дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ қарзи хешро бо сари баланд садоқатмандона ба сомон расонда, дар роҳи ба эътидол овардани авзоъ, таъмини сулҳу субот ва саркӯб кардани гурӯҳҳои экстремистиву ҷиноӣ ба таври шоиста анҷом доданд.

You May Also Like..

Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.

Сиву як сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии […]

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Артиш миллӣ-неруи тавоно.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Ҳоло бо гузашти беш аз 30 сол аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ба […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *