Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои низомии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ миллӣ гардонида нашудаанд. Пешниҳоди идкунии «Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ибтидои Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба миён омадааст. 23 феврали соли 1993 аз ҷумлаи ихтиёриёни «Фронти халқии Тоҷикистон», ки ҳамчун ҳимоятгарони низомии Хукумати Тоҷикистон ташкил ёфта буданд, дар майдони марказии пойтахт ш. Душанбе паради низомӣ баргузор гардид. Дар он намоиш аз «Фронти халқии Тоҷикистон» ҷониби кумондони «Фронти халқии Тоҷикистон» дархост карда шуд, ки 23 феврал ҳамчун иди Артиши миллӣ эътироф карда шавад.

Баъди пош хурдани собик давлатхои Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои муссалаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба Даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ , дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлолияти он таҳти хатари нобуди қарор дошт. Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қуввахои ҳарбие буд, ки кобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қушунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-хавой ва қушунҳои мудофиаи зиддиҳавой оғоз гардид. Дар ин давра ҳамчунин ҷузъу томҳое, ки тавонанд мутобики тағйирёбии воқеии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа амал намоянд, созмон ёфтанд.Давраи сеюми сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳ пас аз имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Точикистон огоз гардид.

Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд. Бонувон ва духтарон дар арафаи ид мардону ҷавононро табрик мекунанд.

Парадҳои ҳарбӣ, салюти артиллерӣ ва оташбозӣ дар рӯзҳои ид мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муайянкардаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.

You May Also Like..

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

      ВАТАНДӮСТӢ АЗ ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ОҒОЗ МЕЁБАД.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

Ҳама сола 23 – феврал дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ, Қувваҳои мусаллаҳ бо як шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *