Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин рӯз бори аввал баъд аз Инқилоби Октябр дар наздикии Саритсинои Русия қувваҳои навташкили Артиши Сурх ба қисмҳои артиши сафед ё артиши ҷонибдори низоми шоҳии Русия ғолиб омада буданд. Минбаъд Армияи Советӣ дар бисёр ҷангҳои қарни 20 ширкат намуда, ғолиб омадааст. Муҳимтарини онҳо ғалаба дар Ҷанги  Бузурги Ватанӣ буд, ки он чор сол идома ёфт ва бо мағлубияти Олмони фашистӣ (1945) хотима ёфт. Охирин ҷанге, ки Артиши Шӯравӣ иштирок намуд, ин ҷанг дар Афғонистон ба муқобили қувваҳои зиддиҳукуматии ин кишвар буд. Дар ин ҷанг зиёда аз 15 000 ҷанговарон аз ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ талаф ёфтанд. Аз Тоҷикистон низ сарбозону афсарон иштирокчии ин ҷанг буданд.

Артиши Миллии Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои дохилӣ  ширкат намудааст, худро меросбари артиши Шӯравӣ медонад ва чун анъана 23 феврал дар кишвар ҳамасола бо тантана қайд карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки бузургии давлат аз бузургии Қувваи артишаш, қувваи бузурги артиш бошад, аз ҷавонони бо нангу номус ва ватандӯсташ вобастагии калон дорад.
Хизмат ба Ватан ин яке аз нишонаҳои муҳаббат ба ватан аст, аммо на ҳар кас ба ватани худ содиқона хизмат мекунад, нафароне ҳастанд хиёнат ба Ватан мекунанду боре намеандешанд, ки Ватанро бояд содиқона дӯст дошт. Хизмат ба Ватану халқ кардан, вазифаи ҳар як фарзанди вафодори миллат аст.

Дар Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 43 – юм омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.

  Дар ҳақиқат ҳам ҳифзи ватану амнияти халқ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси солимфикр ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин ҳам ҳар сол ҷавонони Тоҷикистон бо азму иродаи хеш барои хизмат дар сафи қувваҳои Артиши миллӣ ариза месупоранд ва содиқона дар сафҳои артиш хизмати Модар-ватанро ба ҷо меоранд ва хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан барои ҳар як ҷавон вазифаи аввалиндараҷа мебошад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

      ВАТАНДӮСТӢ АЗ ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ОҒОЗ МЕЁБАД.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

Ҳама сола 23 – феврал дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ, Қувваҳои мусаллаҳ бо як шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *