ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРИИ МИЛЛАТ
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар масири даҳ асри охир дастоварди боарзиштарин ва волотарини маллати тоҷик аст, ки имрӯз сарнавишт ва сиёсати дохиливу хориҷии худро ба дасти хеш мустақилона менависад. Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун пайки саодату хуҷастаҳолӣ на танҳо мояи шаъну шукӯҳи миллати таммандунофари тоҷик дар арсаи олам гардид, балки сарахбори кӯшоиши корҳои созандагӣ ва пешрафтҳои гунонгунҷабҳаи ҷомеа ҳам гашт.
Истиқлолият нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат, соҳибихтиёрию соҳибдавлатии тоҷикон аст. Ин дастовард дар таърихи давлатдории тоҷикон гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд буда, дар назди насли имрӯза вазифаи пурмасъулияти таърихӣ гузошта аст, ки бунёди давлати мутамаддини ҷовобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари таърихии хеш “Тоҷикон дар оинаи таърих” қайд намудааст: “Фарзандони фидоию баномуси миллати мо дар ҳама давру замон, дар ҷое бо хираду фарҳанги воло, дар ҷое бо муросою мадоро талошҳои истиқлолхоҳӣ кардаанд, ки ин омилҳо бо ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ пайванди ногусастанӣ доранд”.
Бо шукргузориҳои беандоза имрӯзҳо мо ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати комил истиқбол мегирем. Ҳамаи ин аз заҳмату роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ки кибру ғурури носозгорро ба ваҳдату созандагиҳо мубаддал сохт. Ин буд, ки дар як давраи начандон тӯлонии таърих кишвари ба бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ гирифторро ба давлати рӯ ба тараққӣ табдил сохта, ноумедиҳои зиндагиро бозпас гардонид ва ба рӯҳияи мардум неруи тозаи созгор бахшид.
Ба ниҳоли тозаистиқлоли давлат бошад қатраҳои оби ҳаёт ато намуд. Ин хизматҳои Сарвари давлат дар назди таъриху миллат бо ҳарфҳои заррин ва бо абадият нақшбандӣ мегардад. Дар ин айёми эҳёву ташаккули давлатдории навин ҳамқадами дигаргунию навоварӣ ва дастовардҳои беназири соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат рисолати бунёди ҷомеаи солим аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба ҳисоб мерафт. Дар ин замина, ҳамрадифи барномаву лоиҳаҳои мавриди амали самтҳои гуногуни ҳадафҳои стратегии кишвар садҳо тан мутахассисони соҳибтаҷриба тарбия ва ба воя расидаанд, ки имрӯзҳо дар гӯшаву канори кишвар хизмати содиқонаро ба ватану миллат анҷом медиҳанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки заковати азаллии Раҳбари давлат сабаб гардид, ки як қатор сохтори навини давлату давлатдории нав таҳия гардаду Тоҷикистон имрӯз чун давлати пешрафта, биҳиштосо, сокинонаш соҳиби зиндагии шоиста дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ гардад. Имрӯз зарур аст, ки ҳар як сокини Тоҷикистон шукргузор аз ин ватани биҳиштосо, соҳибистиқлол ва Раҳбари хирадманду заковатманд, шамъи фурӯзони роҳи орзуи миллионҳо сокинони Тоҷикистон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.
Бо зуҳури Истиқлол чунин неъмати бебаҳо ва гаронмоя, миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст омадан, нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагии абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.
Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдории бузурги миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъи иҷтимоию фарҳангии худро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва давлатдории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.
Гарчанде, бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини таърихӣ аз гумроҳӣ тобу тоқати ин руйдоди бузурги таърихӣ накарда, миллати барӯманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтаанд, ҷангҳои бародаркӯш ташкил намуданд, мардуми барӯманди ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон гардонидаанд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасидаанд. Зеро ин миллати бузургро марди бузурги дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ мекунад. Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштанду давлат орому миллат дилшод гардид.
Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати барӯманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузургии Истиқлол аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлолият ба даст овардан ба ташкилотҳо ва созмонҳои ҷаҳонию минтақавии бонуфузи байналмилалӣ дохил шуда, ҳамчун аъзои комилҳуқуқ, терроризм, экстремизм ва ҷангҳои маҳаллиро маҳкум намуда, баҳри пойдории сулҳ мубориза мебаранд ва дар роҳи ҳалли дурусти проблемаҳои актуалии ҷаҳон саҳми худро мегузоранд.
Мо, фарзандони имрӯзи Тоҷикистон мегӯем: Кишвари азиз! Ту бо таҳкими дӯстиву рафоқат гул-гул мешукуфӣ, ояндаи ту дурахшон аст. Манзараҳои зебоят, обҳои мусаффоят, меваҳои шаҳдборат, заминҳои ҳосилхезат, кӯҳҳои пурганҷат ҷовидон бод. Ҷашни Истиқлолият муборак Тоҷикистон ва миллати сарбаланди тоҷик!
Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода Одил
