Конститутсия-бахтномаи миллат бахшида шудааст.
Дар саргаҳи ибтикороти давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он таҷрибаву андӯхтаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд.
Истиқрори ҳокимияти конститутсионӣ ва тағйиру иловаҳои бунёдӣ, ки ба дунболи баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падид омаданд, дар низоми қонунгузорӣ ва мақому мавқеи Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари комилҳуқуқ эътироф гардид, давраи комилан наверо ба миён овард. Таҳия ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар меҳвари пайомадҳои ин марҳалаи нав қарор дошт. Аз таърихи таҳаввулоти низоми қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳоти конститутсионӣ дар поёни асри ХХ бармеояд, ки кӯшишҳои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон дар аввали солҳои навадум шурӯъ гардид, аммо ташаккули ғояи меҳварӣ ва ҷараёни пайрезии он то ба марҳалаи ниҳоии таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мантиқан натиҷаи амалӣ гардидани назария ва тадбирҳои мушаххаси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ислоҳоти конситутсионӣ мебошад.
Қабули «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар солҳои 1990-1991 аз ҷумлаи омилҳое буданд, ки раванди қабули Қонуни асосиро суръат бахшиданд. Вале кӯшиши воқеан ҷиддӣ ва ҳадафманди таҳияи Лоиҳаи Конститутсия баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истиқрори сохти конститутсионӣ ва таъсиси мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ дар кишвар оғоз шуд.
Баъдан Иҷлосияи XVII Шӯрои Олӣ аз роҳи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Шӯрои Олӣ дар таърихи 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили Комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳайати нави Комиссияи конститутсиониро бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ намуд. Дар ҳамин ҷаласа муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ва тафсири моҳияти сиёсии ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат изҳор дошт: «Муҳимтарин ҷиҳати ин вазифа то сатҳи юридикӣ ва маънавии ҳуқуқи байналмилалӣ ва тадбирҳои универсалии онҳо баланд бардоштани қонунгузории давлатист. Аз ин ҷиҳат, мо ба хулоса омадем, ки системаи ҷории қонунҳоямонро ба экспертизаи байналмилалӣ фиристем ва ҳам дар баррасии Қонуни асосиамон аз кумаки машваратии муассисаҳои дахлдори байналхалқӣ истифода барем».
Сарвари Тоҷикистон бо зикри аҳаммият ва зарурати ҳамоҳангсозии низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба равиши судманди ислоҳоти конститусионии Тоҷикистон асос гузошт, ки яке аз заминаҳои бисёр муҳимми истиқболи ҷаҳонии кишвари мо гардид.
Дар асоси дастурҳои Сарвари давлат гурӯҳи кории Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корбандии дастовардҳои илми ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва суннату тафаккури ҳуқуқии миллӣ дар муддати шаш моҳ ду лоиҳаи Конститутсия, яке дар шакли идораи президентӣ ва дигар дар шакли идораи парламентиро таҳия намуда, ба баррасии мардум пешниҳод кард. Таҳия намудани ду лоиҳа бесабаб набуд. Аз замони таҳияи аввалин лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли 1992 пешниҳод гардида буд, дар афкори умум дар асоси бархӯрди неруҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоии кишвар дар масъалаи интихоби шакли идории давлати Тоҷикистон ақидаҳои гуногун ва ҳатто комилан хилофи ҳамдигар изҳор мешуданд. Комиссияи конститутсионӣ бо дарки масъулият ва дар натиҷаи таҳлили амиқи воқеияти сиёсии кишвар, бинобар набудани ҳизбу созмонҳои соҳибтаҷриба ва фароҳам наомадани пойгоҳи муносиби идоракунии парламентӣ дар Тоҷикистон, ба хулосаи ягона расид, ки лоиҳаи шакли идораи президентӣ ба баррасии халқ тавсия карда шавад. Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бори нахуст 6 ноябри соли 1994 раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсия баргузор гардид. Натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ хеле муассир буд ва беш аз 87 фоизи шаҳрвандон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуда, сарнавишти худро мутобиқи он муайян карданд.
Ин истиқболи мардум аз лоиҳаи Конститутсия ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамин рӯз ба вуқӯъ пайваст, далели қотеи дастгирии ҳамаҷонибаи ислоҳоти конститутсионии Президент, ҳадафу барнома ва дурнамои сиёсати дохиливу хориҷии ӯ буд. Дар фосилаи панҷ сол, ки баъди қабули Конститутсия сипарӣ гардид, бо таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар ҳаёти ҷомеа таҳаввулот ва пешрафтҳои зиёди ба назар намоён ба вуҷуд омаданд. Пайвастани Тоҷикистони тозаистиқлол ба равандҳои бунёдгузори ҷаҳони муосир, ҳамкорӣ ва робитаи мутақобилан судманд бо кишварҳо, созмонҳо ва эътирофи конунҳои байналмилалӣ зарурати ҳамоҳангӣ ва тавсеаи уфуқҳои ҳуқуқии низоми қонунгузории мамлакатро дар паҳнои расидагӣ бо ин вусъати мақоми ҷаҳонӣ тақозо мекард.
Аз ҷониби дигар, Конститутсия дар айёме қабул шуд, ки оташи зиддият ва муқовимати неруҳои мухталифи мухолифон ҳанӯз фурӯ нанишаста буд ва сохтори сиёсиву низоми иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳоли таҷдиду ташаккул қарор дошт. Танҳо пас аз се соли қабули Конститутсия, ки талошҳои хастагинопазири Сарвари давлат дар роҳандозии сулҳу оштӣ ба марзи фарҷоми мантиқии худ расид, мамлакат дар ҳама бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии худ ба давраи сифатан нави пешрафту таҳаввул ворид гардид.
Судя Гадозода Б.Ҳ.
