Хабарҳо

ПАРЧАМ-РАМЗИ НАНГУ НОМУС ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Дар байни ҷашнҳои давлатӣ чандин санаҳои муҳим ва хуҷаста ҳастанд, ки аз як ҷониб, ба афзун гардидани ҳисси ифтихормандӣ боис шаванд, аз ҷониби дигар, масъулияти фардиву ҷамъиятиро барои дифоъ аз арзишҳои истиқлолият, гиромидошти хотираву анъанаи гузаштагон ва дарки рисолати шаҳрвандӣ барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон дучанд зиёд мегардонанд.

Нахустин Парчами Тоҷикистон чун кишвари воҳид соли 1929 қабул гардид. Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ эълон шудани Тоҷикистон қонун дар бораи парчам низ тағйир ёфт ва соли 1931 Парчами давлатӣ қабул шуд. Соли 1935 дар Парчами давлатӣ номи Тоҷикистони Шуравӣ бо забони русӣ сабт гардид. Ҳамин тавр, солҳои 1940, 1946 ва 1953 тағйироти дигар низ илова шуд. Соли 1992 Парчами имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.

Парчам дар таърихи ҳар халқу давлат мояи ифтихору ғурур будааст, ки баҳри ҳимояи марзу бум, номусу озодӣ, забону фарҳанг, ватану миллат фарзандони баору номусро зери сояи худ сарҷамъ месозад. Парчам рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос аст. Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. Ҷилваи парчам шабеҳи болафшонии парандаи бахту иқбол аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонунро оид ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парламенти кишвар пешниҳод намуданд, ки тибқи он, баъди ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (аз 19-уми ноябри соли 2009) ҳар сол 24-уми ноябр дар кишвар Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Соли 2010 бо ташаббуси Пешвои миллат бунёди манораи бузурги Парчами давлатӣ дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишвар оғоз ва дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони Парчам» номгузорӣ шуд. Парчами давлатӣ, ки дар баландии 165 метр қомат афрохтааст, 30 метр паҳноӣ ва 60 метр дарозӣ дошта, ба Китоби рекордҳои Гиннесс шомил гардидааст.

Парафшонии Парчами давлатӣ дар ҳар гӯшаи сайёра аз мавҷудияти ин ё он миллату давлат дарак медиҳад. Дар ҳақиқат, таҳти парчами аҷдодӣ миллати мо садҳо ва ҳазорҳо сол саф кашида, Ватану миллат, озодиву номус, дину фарҳанг ва марзу буми гузаштагони худро ҳимоят кардаанд.

 

                   Пристави суд                                            Исмоилов А.Р

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *