Дар асоси Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, ки тибқи қонунгузорӣ ҳуқуҳояшон поймол гардидаанд, ҳифз намуда, адолатро дар тамоми самтҳо дар байни мардум ва дар асоси қонунгузории мамлакат, ҳамчунин дар асоси санадҳои байналмилланлие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҷорӣ менамояд.
Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, ҳамчунин мукаммал намудани қонунҳо дар асоси Паёмҳо ва бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ( аз 23 июни соли 2007 № 271; барои солҳои 2011-2013, аз 3 январи соли 2011 № 976; барои солҳои 2015-2017, аз 5 январи соли 2015 № 327 ва барои солҳои 2019-2021, аз 19 апрели соли 2019 № 1242 қабул гардиданд. Имрўзҳо бо вуҷуди такмил ёфтани самти қонунгузории мамлакат ва мутобиқгардонии он ба ҷомеаи муосир, гувоҳии он аст, барои мақомоти ҳокимияти судӣ ва дигар мақомотҳои давлатӣ таъсири бениҳият мусбии хешро мерасонад.
Барои пешгирии ноадолати дар байни мардум ва ҳифз намудани ҳуқуқҳои онҳо аз тамоми ноадолативу амалҳои ғайриқонунӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти суд ба ҳисоб рафта, барои ба танзим даровардани ҳаёти ҷамъияти равона гардидааст. Бо ин мақсад қонунгузории мамлакат бо тамоми нозукиҳояш аз ҷониби кормандони суд, хусусан судяҳо омухта шуда, дар амал барои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон татбиқ мегарданд, ки барои манфиати ҷомеа ва давлат нақши арзанда мебозад.