Истиқлолият рамзи озодӣ ва худшиносии миллӣ
Дар замоне ки Тоҷикистони ҳамакнун соҳибистиқлолгардида Расидан ба истиқлоли сиёсй ва таъсис додани давлати соҳибихтиёр бузуртарин, муқаддастарин ва муҳимтарин падидаи таърихи муосири халқи тоҷик мебошад. Ин рӯйдоди беназир ҳамчун огози таҳаввулоти бунёдй дар сарнавишти миллати босто- нии тоҷик заминай устувори худшиносии миллии мардуми моро фароҳам овард, ба хоти- ри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва оғози ташаббусҳои созанда омили муттаҳидсоз гардид.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлоли давлатӣ бузургтарин неъмате мебошад, ки миллати тоҷик дар интиҳои асри XX ба даст овард ва он сарчашмаи тамоми ободониҳои Тоҷикистони азиз гардид. Бо тулуи хуршеди истиқлолу озодӣ дар аввали солҳои навадуми қарни гузашта мардуми тамаддунофару фарҳангпарвари тоҷик баъди ҳазорсолаҳо соҳиби давлати мустақил гардида, дар харитаи сиёсии ҷаҳон номашро бо ҳарфҳои заррин сабт кард.
Рӯзҳои нахустини соҳибихтиёрии худро паси cap мекард, бадхоҳони миллат кишварро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд, ки дар натиҷа мамлакат ба буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсй даст ба гиребон шуд. Дар он рӯзҳои мудҳиши таърихӣ шаҳрвандони кишвар ба ноумедӣ рӯ ба рӯ гардида, оромию осудагӣ ва зиндагии осоишта аз байн рафт. Мардум барои наҷоти худу наздикон рӯ ба гурез ниҳода, ба кишварҳои дигар муҳоҷир шуданд. Дигар на хандае бар лаб буду на садои шодӣ шунида мешуд.Дар чунин рӯзҳои хеле вазнину пуртаҳлука сарваре лозим буд, ки роҳбарии кишварро бар дӯши хеш тираду ба ин ҳама нобасомониҳо ҳарчи зудтар анҷом бахшад.
Хушбахтона, ба бахти баланди миллати тоҷик дар он рӯзҳо рох,барии мамлакатро шахсияте ба зиммаи хеш гирифтанд, ки тавонис- танд давлатро аз вартаи нестшавӣ раҳо созанду ба он ҳама нофаҳмию нооромиҳо нуқта гузоранд.
Ин шахсияти тахрихӣ ва ватандӯсту ватанпарвар Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пеш- вои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Пешвои миллат бо Роҳбари кишвар интихоб гардидан, тамоми талошашонро ба он равона намуданд, то дубора сулҳу субот ва оромию осоиштагӣ ба ин сарзамин баргардад ва ҳамин тавр низ шуд.
Бо талоши Сарвари дав- лат муҳтарам Эмомалй Раҳмон дар кишвар дубора сулҳу субот барқарор гардид ва мамлакат ба ваҳдати комили миллй расида, офтоби дурахшони сулҳу амни- ят дар ин сарзамини биҳиштосо нурпошӣ намуду умедҳои сардгаш- таи шаҳрвандон аз нав ҷони тоза гирифт ва зиндагии ширину гуворо ҳар яки моро оғӯш гирифт.
Воқеан, Истиқлоли давлатӣ аз зумраи арзишҳои бузурге мебошад, ки муҷиби тамоми дастовардҳою пешрафтҳои бесобиқаи Тоҷикистони азиз гардид. Маҳз тавассути ин неъмати гаронбаҳо имрӯз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат рӯ ба рушд ниҳод ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд.
Тайи 34 соли Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар тамоми самту соҳаҳо ба дастовардҳои беназир ноил гардида, зиндагии мардум ба сатҳи беҳтарин расид. Муҳимтар аз ҳама имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаи обу иқлим мешиносан- ду эҳтиром менамоянд. Далели ин гуфтаҳо қабул гардидани чандин пешниҳодҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар воқеъ, Истиқлоли давлатӣ сарчашмаи хушбахтии мардум, оромию осудагӣ, пешрафту тараққиёт ва ҳаёти хубу осоишта мебошад. Тамоми дастовардҳое, ки тайи ин солҳо Тоҷикистон ба даст овардааст, манбааш маҳз истиқлол аст. Аз ин рӯ, ҳар яки моро лозим аст, ки ба қадри Истиқлолу озодӣ расему таҳкимбахши ин неъмати бебаҳои таърихӣ бошем.
Зеро ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “истиқлолу озодӣ барои ҳар фарди Тоҷикистон арзиши муқаддастарин, сарвати гаронбаҳотарин ва сарчашмаи саодат ба ҳисоб меравад”.
Судяи Суди иқдисодии шаҳри Душанбе Нурализода Одил Бобохуҷа
