Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».-Котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зиёева М.И

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар боби дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷой дода шуда, аз нӯҳ модда иборат мебошад ва аз моддаи 6 то моддаи 9-и қонуни мазкурро дар бар мегирад.

Дар моддаи 6-и қонуни мазкур, ки баробарии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ном дорад омадааст – Падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин маънои онро дорад, ки падар ва модар новобаста аз он ки бо ҳам якҷоя ё ҷудо зиндагонӣ доранд, дар таълим ва тарбияи фарзандон ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд.

Моддаи 7-и қонун ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ном дошта, дар ин модда ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ифода ёфтаанд. Аз он ҷумла, ҳуқуқҳои падару модар оиди ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои фарзанд, интихоб намудани шакл, намуд ва усули таълим новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо агар ин шакл намуд ва усул ба вазъи саломатӣ ва инкишофи маънавии фарзанд таъсири манфӣ нарасонад, иштирок ва мусоидат намудан дар раванди таълиму тарбия, аз он ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, бо пешниҳод ба мақомотҳои дахлдор ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати тарбияи фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ муроҷиат кардан, дар муносибатҳои ҳуқуқӣ намояндаи қонунии фарзанд будан, дар раванди таълим дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот риояи ҳуқуқи фарзандро талаб намудан, мусоидат намудан ба фаъолияти муассисаи таълимие, ки фарзандашон дар он таҳсил мекунад, шинос шудан ба раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишандӯзии фарзанд ва дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ созанд.

Ӯҳдадориҳои падар ва модар дар тарбия ва таълими фарзанд дар моддаҳои 8 ва 9-и Қонуни номбурда ҷой дода шуда, масъулияти падару модарро барои тарбия ва таълими фарзанд дар назди ҷомеа ва давлат баланд бардошта, дар як вақт барои ба таври бояду шояд иҷро накардани ин уҳдадориҳо аз ҷониби қонун ҷавобгарӣ муқаррар карда шудааст.

Аз он ҷумла, дар моддаи 8-и қонун уҳдадориҳои падар ва модар оиди он ки гаштугузори фарзанди то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд, шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбати ӯ роҳ надиҳанд, дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то бистсолаашонро манъ намоянд, ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд, ба фарзандон тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намуда, барои фарзанди то бистсола истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку ва маводҳои сахттаъсирро манъ намоянд. Гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ва рондани автомобил иҷозат надода, ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзандон роҳ надиҳанд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ навиштан, ифлос намудан ва расонидани зарарро аз ҷониби фарзандон манъ намуда, дастрасии фарзандонро ба маводҳои сӯзандаю тарканда пешгирӣ намоянд.

Дар моддаи 9-и Қонуни мазкур бошад, ӯҳдадориҳои падару модар дар таълими фарзанд ном додшта, дар он омадааст, ки падар ва модар дар таълими фарзанд уҳдадоранд, ки ба фарзанди то шашсола барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ шароит фароҳам оваранд. Ба таълим фаро гирифтани фарзандонро таъмин намуда, ба таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд, фарзандонро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими онҳо шароити муносиб муҳайё намуда, риояи пӯшидани либоҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзандон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд. Аз вазъи фарзандоне, ки дар мактаб – интернатҳо ва дигар муассисаҳои махсусгардонидашуда, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таълиму тарбия мегиранд, хабардор шуда, бо ин муассисаҳо ҳамкорӣ намоянд ва раванди таълими фарзандонро дар ин муассисаҳо зери назорат гирифта, донишандӯзӣ ва иштироки фарзандонро дар раванди таълим назорат карда бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд. Дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ бо даъвати маъмурият тибқи талаботи оинномаи муассисаҳои таълимӣ ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ иштирок намуда, талаботи оинномаи муассисаҳои таълимиро, ки фарзандонашон дар он ҷо таълим мегиранд, иҷро намоянд. Ҷалби фарзандонро барои гирифтани таълим дар талимгоҳҳои ғайриқонунӣ ё дар назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда манъ намуда, таълими онҳоро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд.

Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» махсусан, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ба боз ҳам баланд бардоштан ва пурзӯр намудани масъулияти падар ва модар дар раванди тавълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватандорӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии фарзанд ва насли наврас дар ҷомеа мебошад.

 

 

 

You May Also Like..

Шиносномаи миллат.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Имрўз ба ҳамаи мо, махсусан ба насли калонсол маълум аст, ки 26 сол муқаддам Тоҷикистони соҳибистиқлол дар чӣ гуна ҳолати […]

Ҷавонон – тарғибдиҳандаи қонуни асосӣ мебошанд.- Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

Давлату миллати соҳибистиқлол дорои Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва коститутсия мебошад. Ба танзимдароварандаи тамоми сохтору нишонҳои давлатӣ ин Конститутсия мебошад. […]

Паём – ҳуҷҷати барномавӣ барои ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагидории кишвар мебошад.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *