Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳамчун зан фаъолият намудан дар ҳокимияти судӣ шараф аст. – Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

 Мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад.

 Дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат  муњтарам  Эмомалӣ Раҳмон занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.

Дар баробари ин, мавқеи занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт, яъне барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохт.Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд. Ҳамин нерӯву ҷасорати занонро ба инобат гирифта, бо мақсади тавсеаи ҳарчи бештари нуфузи онҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расид, ки барои боз ҳам фаъолтар шудани занон заминаи мусоид фароҳам овард.

Занро ҷинси латиф мегӯянд, вале новобаста аз латофату назокати худ, бонувони баору номуси тоҷик баробар бо мардон чун дар ҳама давру замон фаъолияти босамар доранд. Модарони азизу хоҳарони меҳрубони мо ба хубӣ дарк кардаанд, ки неруи  бузурге ҳастанд, зеро иродату рисолаташон аз бузургии модар сарчашма мегирад.

Дар ҷомеаи муосир занони тоҷик бо баробари шинохти мақому манзалати хеш дар сохтори мухталифи давлат фаъолият менамоянд.  Зиёд гаштани сафи занон дар мақомоти давлатию қудратӣ ин шаҳодати баланд будани мақоми эшон дар замони муосир мебошад.

Имрӯз дар миқёси кишварамон бахше нест, ки дар он занон фаъолона иштирок надошта бошанд. Ҳатто дар соҳаҳое, ки қаблан мардон фаъолият мекарданд, имрӯз занон роҳ ёфтаву сарбаландона кор мекунанд ва аз ҳисоби меҳнати босамари хеш зиндагиашонро пеш мебаранд.

Аслан занон дар ҳама давру замон мақоми болотару беҳтар доштанд. Ба андешаи ман дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон теъдоди зиёди занони сиёсатмадор дар умури давлатӣ  фаъолият менамоянд. Ва ин шаҳодати он аст, ки  мақоми зан дар замони муосир рӯз то рӯз баландтар мешавад,  яъне мавқеи зан дар баробари мардон бояд бошад. Фақат занҳо бояд донанд, ки онҳо бояд дорои як хислати нозук — ахлоқу рафтори ҳамида бошанд.

Бояд гуфт  новобаста аз сатҳи иҷтимоӣ бонуи хубу порсо рисолати азалии худ тарбияи фарзанди солиму хушахлоқро дар ҷои аввал мегузорад. Тафовут байни занони хонашин ва коргар дар он аст, ки масъулияти занони коргар бештар аст, яъне онҳо ҳам кори хонаро мекунанду ҳам кори давлатро ба сомон мерасонанд.

Имрӯз давлат ва ҳукумати кишварамон  барои мо занону духтарон тамоми шароит, чӣ дар таълиму тадрис ва чӣ дар кору зиндагӣ муҳайё гардонидааст. Аз ин рӯ, мо бояд барои беҳдошти  ҳаёти худ ва пайвандонамон аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок ва дурандешона истифода барем. Саъй бар он дошта бошем, ки барои якпорчагӣ ва ободонию шукуфоии диёрамон саҳми босазои худро гузорем. Фарзандонамонро, ки ояндаи давлату миллати тамаддунофарамон мебошанд, дар руҳияи инсонпарварӣ, ватандӯстӣ хештаншиносӣ ва содиқ будан ба ин марзу бум тарбия намоем.

Ҳар давру замон инсонро водор месозад, ки дар ҷодае мавқеъ дошта бошад. Агар зани тоҷик қабл аз асри ХХ орзӯи озод буданро дошту барои баробарии ҳуқуқҳои худаш бо мардон талош мекард, дар замони Шӯравӣ ормонҳои худро пиёда сохт. Минбаъд барои ӯ дарҳои илму маърифат боз шуданд. Дар радифи мардон  дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт фаъолият кард. Ба қавле ҳам сӯхту ҳам сохт.

Баъди муваффақ гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ,ки соли равон 29-умин солгарди онро таҷлил менамоем, зан –модари тоҷик  ба омӯхтани илмҳои муосир, эҳёи  анъанаи бою ғании ниёкон ва ташкили корхонаву муассисаҳо бештар рӯ овард, ки ин ҳама неъмати  бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар аст.

Имрӯз зан –модари тоҷик дар радифи мардон дар сохторҳои қудратӣ бо иродаи қавӣ ва сарбаландона фаъолият дошта, дар таъмини суботу амнияти кишвар, ободии сарзаминами офтобиамон хизмати арзанда менамоянд.

Заҳмати модар дар ҳама давру замон осон набуд ва нест, вале модар будан барои ҳар зан шараф аст. Ёр агар аҳл бошад, кор саҳл мешавад гуфтаанд. Мушкиле  нест, ки осон нагардад…

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *