Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сарфакорона истифода намудани қувваи барқ-нишонаи ҳисси баланди шаҳрвандӣ  мебошад. -Муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ба ҳаммаи мо маълум мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро ба даст овард ва Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз тарафи ҷомеаи ҷаҳони пазируфта шуд. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монеаҳо ва мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гашт,ки яке аз ин мушкилиҳо дар соҳаи энергетикаи кишвар ба миён омада буд. Муаммову мушкилиҳое,ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ рӯ ба рӯ шуданд,ин норасоии қувваи барқ ва ба таври дахлдор таъмин нашудани аҳолии кишвар бо он буд. Тавре огоҳӣ дорем дар давраҳои оғози  истиқлолият  солҳое буданд, ки  сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳамагӣ ду соат бо барқ таъмин буданд.

Бо мақсади ҳалли ин муаммову мушкилиҳо Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи энергетикаи кишвар як қатор корҳои назаррас ба сомон расонид.

Аз ҷумла, дар даврони соҳибистиқлоли бо заҳматҳои бевоситаи роҳбарияти Олии кишвар  як қатор неругоҳҳои обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ ба истифода дода шуданд,ки онҳо баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии кишвар-расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мусоидат намуд.

Чунончӣ дар ин давра нерӯгоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», Маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», инчунин, нерӯгоҳи «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мурғоб ва даҳҳо нерӯгоҳи барқи обии хурд ба истифода дода шуд,ки ин албатта  аз ҷумлаи дастовардҳои беназири Тоҷикистон мебошанд.

Бо ба даст овардани истиқлолияти комили энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти таъмини нерӯи барқ пурра бардошта шуда, то ба имрӯз мардуми Тоҷикистон 24 соат бо нерӯи барқ таъмин мебошанд.

Аммо мутаасифона дар сайёра раванди тағийрёбӣ ва гармшавии иқлим босуръат идома дорад, ки таъсири он, хусусан соли равон ба Тоҷикистон низ шиддат гирифт.Тирамоҳу зимистони соли 2019-2020 дар минтақаҳои ташаккулёбии маҷрои дарёҳои Вахш ва Панҷ боришоти барф бениҳоят кам ва панҷоҳ фисади ҳаҷми солҳои гузаштаро ташкил додааст,ки вазъияти мазкур дар таърихи Тоҷикистон бори аввал буда ба кам гардидани захираҳои об дар обанбору дарёҳои  Тоҷикистон замина гузоштааст.

Азбаски аксарияти неругоҳҳои барқии Тоҷикистон обӣ буда кору фаъолияти босамари онҳо бевосита аз сатҳи зарурии об дар обанбору дарёҳо вобастагии калон дорад, Ҳукумати Тоҷикистон бо Муроҷиатнома санаи 28 июли соли 2020 ба мардуми кишвар муроҷиат намудааст, зеро тавре аз муроҷиатнома бармеояд, имрӯзҳо дар обанбори

Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам мебошад,ки агар чунин вазъият идома ёфтан гирад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ  мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд.

Инчунин дар муроҷиатнома омадааст,ки дар кишвар 50 фоизи барқи истеҳсолшударо аҳолӣ истифода мебарад. Мардуми мо хуб медонанд, ки фасли зимистон нисбат ба тобистон мушкилоту сахтиҳои худро дорад. Яъне мо имрӯз метавонем бо истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистодаро пешгирӣ намоем.

Бо назардошти ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки танҳо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби Ширкати «Барқи Тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк намоянд.

Чи хеле,ки қайд карда шуд, фаъолияти босамари неругоҳҳои Ҷумҳурӣ аз сатҳи лозимаи об дар обанбору дарёҳо вобастагии калон дошта, вазъияти ба миён омада аз гармшавӣ ва тағийрёбии иқлим дар сайёра ва дар ҳамин замина дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2019-2020 дар минтақаҳои ташаккулёбии маҷрои дарёҳои Вахш ва Панҷ кам гардидани боришоти барф, гардид.

Итминон дорем,ки мардуми шарифи Тоҷикистон вазъияти ба амаломадаро дуруст дарк намуда, ба он воқеъабинона муносибат менамоянд, зеро тавре огоҳ ҳастем дар сайёра, аз ҷумла дар Тоҷикистон хатари паҳншавӣ ва сирояти бемории коронавирус COVID – 19 ҳоло ҳам мавҷуд буда, гарчанде айни ҳол дар Ҷумҳурӣ дар сатҳи хело паст қарор дошта бошад ҳам, вале аз рӯи таҳлили мутахассисон дар фасли сармо шиддат ёфтани касалиҳо аз эҳтимол дур нест.

Барои ҳамин ҳам, бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як оила, кулли ташкилоту муассисаҳо ва ширкату корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият, баҳри сарфакорона истифода намудани неруи барқ кӯшиш намуда, дар сарфаҷӯии қувваи барқ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ муносибат намоянд, то ки  фасли зимистонро бе мушкиливу сахтӣ паси сар намоем.

You May Also Like..

Шиносномаи миллат.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Имрўз ба ҳамаи мо, махсусан ба насли калонсол маълум аст, ки 26 сол муқаддам Тоҷикистони соҳибистиқлол дар чӣ гуна ҳолати […]

Ҷавонон – тарғибдиҳандаи қонуни асосӣ мебошанд.- Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

Давлату миллати соҳибистиқлол дорои Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва коститутсия мебошад. Ба танзимдароварандаи тамоми сохтору нишонҳои давлатӣ ин Конститутсия мебошад. […]

Паём – ҳуҷҷати барномавӣ барои ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагидории кишвар мебошад.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *