Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020. – Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Қаноатзода О.Р.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Бо фармони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августа соли 2013 таҳти №1504 Стратегияи зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, тасдиқ карда шуд. Стратегияи зиддикоррупсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 санади барномавии дурнамоӣ миёнамуҳлати сиёсати миллии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия буда, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкории зичи байни макомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобик ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад, Стратегияи нав идомаи мантиқии Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 ва тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010 таҳти №864 буда хислати навкардашудаи низомнок ва маҷмуӣ пайдо кардааст.

Созмони байналмилалии ҳифозати ҳуқуқ «FreedomHouse» маърӯзаи ҳарсоларо оид ба «Кишварҳои давраи гузариш – 2012» (NationsinTransit) интишор кардааст, ки дар он ҷараёни демократӣ дар кишварҳои баъдисоветӣ дида баромада шудааст. Барои баҳогузории вазъияти демократия FreedomHouse ҳафт мушахассотро истифода менамояд, аз ҷумла вазъияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, сифати ҷараёни интихобӣ, вазъияти ВАО, сатҳи коррупсия. Дар маърӯзаи ҳарсола 29 мамлакати Аврупои Шарқӣ ва Евроосиё дар назар ҳастанд. Рейтинги Тоҷикистон, ки ба кишвар аз ҷониби созмони «Фридом Хаус» муайян шуд, соли 2004 нисбатан беҳтар шуда то ҳол бе тағйир аст. «Ба он нигоҳ накарда, ки дар давоми сол (2009) оид ба айбдоркунӣ дар ҷиноятҳои коррупсионӣ ягон мансабдори баландпояро дастгир карда нашуд, мақомоти суд ва прокуратура суръати кори худро оид ба парвандаҳои зиддикоррупсионӣ вусъат додаанд».

Бонки умумиҷахонӣ дар тадқиқоти худ «DoingBusiness» барои соли 2010 Тоҷикистонро ба даҳгонаи кишварҳое, ки солхои 2008/2009 сиёсати ислоҳотӣ дар онҳо зудтар гузаронида мешуд мансуб донистааст. Аммо баробари ин байни 183 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон ҷойи 152 ва ҷойи охирро байни кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ишғол намуд. Дар рейтинги Бонки умумиҷахонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) «Мусоид будани пешбурди тиҷорат (ё соҳибкорӣ, минбаъд — бизнес) 2012» (DoingBusiness2012) Тоҷикистон ба панҷ зина мавқеи худро беҳтар карда, ҷойи 147 байни 183 кишвар ба ҷойи 152 дар рейтинги DoingBusiness – соли 2011 гирифтааш, ишғол намуд. Маҷаллаи «Форбс» дар рейтинги «Кишварҳои беҳтарини ҷаҳон барои пешбурди бизнес» («BestCountriesforBusiness») барои соли 2010 ба Тоҷикистон ҷои 121 байни 128 кишвар мансуб донист.

Ширкати аудитории байналмилалии «PricewaterhouseCoopers» дар рейтинги худ Тоҷикистонро ҳамчун давлатӣ дорои низоми вазнини андозбандӣ эътироф намуд. Нашриёти маъруфи оммавии амрикоӣ «TheDailyBeast»- моҳи апрели соли 2012 руйхати 20 кишвари фасодзадатарини ҷаҳониро интишор намуд. Экспертҳои нашриёт коррупсияро баҳогузорӣ мекарданд, «фасод» дар соҳаи таъмини ҳуқуқҳои сиёсӣ, озодиҳои гражданӣ ва озодиҳои ВАО, инчунин шаффоф набудани пешбурди бизнесро баҳогузорӣ мекарданд. Ҳар як маҳак аз рӯи ҷадвали 10 холи баҳогузорӣ карда мешуд, ки 10 ин холи аз ҳама паст мебошад, баъдан баҳогузориҳо оид ба ҳамаи маҳакҳо мавриди таҳлил қарор дода холи маҷмуии умумӣ аз рӯи ҷадвали 100 холӣ бароварда мешуд. Тоҷикистон ба руйхати нашриёт наафтод. Ҳамзамон, дар панҷ соли охир дар Тоҷикистон сатҳи дарки коррупсия ба 14,2% афзуд ва 46,1%-ро ташкил додааст. Дар ин бора дар тадқиқотҳои иҷтимоии «Коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Афкори ҷамъиятӣ, ки соли 2011 аз тарафи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва Бюрои САХА дар Тоҷикистон гузаронида шудааст, қайд мегардад. Аз рӯи маълумоти ҳисоботи гуногун, дар Тоҷикистон коррупсия қариб ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ворид шудааст. Чунин афзоиш, аз афти кор, аз афзоиши ошкоршавии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, ки қаблан рӯйпуш ва бақайднагирифташуда (латентӣ) буданд ва афзоиши иқтисодиёт ва буҷети давлатӣ (МДМ- ВВП) ва аҳолӣ, мутаносибан афзоиши хавфҳо ва омилҳои коррупсионӣ вобаста аст. Баамалбарории маҷмӯи тадбирҳо оид ба таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қудратӣ ва судҳо ҳамчун тадбири мушаххас баҳри устувор намудани самаранокии фаъолияти кормандони мақомоти зикршуда ва таъмини амният мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният”, ки соли 2011 қабул гардид, равона мегардад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *