Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Стратегияи муқовимат бо коррупсия ва инкишофи он. – Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зиёева М.И.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Роҳбарияти сиёсии кишвар таҳти сарварии Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ноил гардидани ҷумҳуриамон ба соҳибихтиёрӣ дар қатори дигар масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба масъалаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус бо коррупсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чорабиниҳои муҳимеро  таҳия ва дар амал татбиқ намудаанд ва ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома  ёфта истодааст.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999         № 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришватхӯрӣ)» ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия дар ҷумҳурӣ ибтидо гузошт.

Бо мақсади тақвият бахшидан дар самти мубориза бо коррупсия Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» таҳти № 875 аз 10.12. соли 1999 қабул карда шуд, ки он шаҳодати иродаи сиёсии Сарвари давлат дар  самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия буд.

Бо гузашти вақт, вобаста ба тағйироту пешравиҳо дар  ҳаёти сиёсӣ,  иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, пайдо намудани таҷриба оид ба мубориза бо коррупсия, бо назардошти таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо дар  ин самт, эътироф ва тасдиқи санадҳои ҳуқукии байналмилалӣ оиди мубориза бо коррупсия, бахусус Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид  аз соли 2003 бар зидди  коррупсия, ки он 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Парламенти Тоҷикистон- Мачлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) карда шудааст ва ҷавобгӯ набудани Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»  ба талаботи ин санадҳо, зарурияти таҳияи қонуни нави мубориза бо коррупсия дар ҷумҳурӣ ба миён омад.

Аз ин рӯ,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия»  таҳти №100 аз 25  июли  соли 2005  аз сари нав қабул карда шуд, ки ин як қадами муҳимест вобаста ба рушди қоунунгузории зиддикоррупсионӣ  дар мамлакат.

Муҳимияти қабули ин санад боз дар он буд, ки он ба баҳсу мунозира дар бораи мафҳуми “коррупсия”, ки дар қабули ин қонун  ба тарзҳои гуногун фаҳмида мешуд, хотима гузошт. Дар ин қонун мафҳуми “коррупсия” хеле пурра ва мукаммал баён карда шудааст, ки он ба талаботҳои Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия  мувофиқ мебошад.

Вобаста ба қабули қонуни мазкурМаҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти № 95 аз 25 июли соли 2005  Қарор «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷаи Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди  дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия»-ро қабул намуд. Бо ин қарор чорабиниҳои комплексӣ оиди пешгирӣ, ошкорсозӣ, фошнамоии ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии онхо мусоидатнамуда тасдиқ карда шуданд.

Муҳимияти проблемаҳои коррупсия ва зарурати муттаҳидсозӣ ва ҷалби тамоми шоҳаҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кори пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия,  ташаккули фазои тоқатнопазир ба зуҳуроти коррупсионӣва мафкураи зиддикоррупсионӣ дар байни оммаи васеи аҳолӣ, ҳамоҳангсозии ҳамаи қувваҳо оиди муқовимат бо коррупсияро ба назар гирифта ва ба мақсади муайян намудани  дурнамои фаъолият  дар ин самт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008  № 34 Барномаи давлатӣ- Стратегияи мубориза бо коррупсия дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 (минбаъд Стратегия) қабул қабул карда шуд.

Ба таҳияи лоиҳаи  Стратегия кормандони Дастгоҳи ичроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахассисон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҷалб карда шуда, тадқиқотҳои илмӣ ва сотсиологӣ ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар ин самт ба назар гирифта шуд.

Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2008-2012  як қисми ҷудонашавандаи Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 буда, ҳуҷҷати барномавии сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки принсип ва муносибатҳои асосии онро муайян менамояд.

Таҳияи чораҳои комплексии ташкилию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба пешгирии самаранок ва муассир, ошкор ва бартараф кардани коррупсия, ташкили муборизаи судманди он дар сатҳи баланди касбӣ нигаронида шудаанд. Ҳамзамон ба татбиқи чораҳои пешгирикунанда диққати махсус  дода мешавад, ки ба баланд бардоштани фаъолнокии аҳолӣ дар мубориза бо коррупсия, фароҳам овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба коррупсия ва бартараф сохтани сабаб ва шароитҳои мусоидаткунандаи он равона гардидааст.

Стратегия инчунин ҳамкории фаъоли байналмилалӣ ва ёрии ҳамдигариро дар доираи хамоҳангсозии мубориза бо коррупсия бо ташкилотҳои байналмилалӣ пешбинӣ менамояд.

Вазифаҳои Стратегия аз таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон  ва шаҳрванд, инчунин ҷамъият ва давлат аз коррупсия, амалӣ сохтани асосҳои меъёрии ҳуқуқии пешгирӣ; ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ; муносибсозии шакл, усул ва воситаҳои муқобилият бо  коррупсия; васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия; ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ; тавсеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия  иборат мебошад.

Стратегияи мазкур аз ду фасл: фасли аввал иборат аз 5 боб ба чораҳои мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, фасли дуюмаз Нақшаи тадбирҳои амалӣ намудани Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 иборат мебошад, ки дар он  номгуи ҳар як чорабинӣ, натиҷаҳои чашмдошт аз иҷроиши он чорабиниҳо, муҳлатҳо ва мутасаддиён ва масъулини иҷроиши ҳар як банд  оварда шудаанд.

Дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ аз 24 апрели соли 2010, ки ҳуҷҷати барномавӣ буда, дурнамои  тарраққиёти ояндаи наздики Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян месозад, ба зарурияти андешидани чораҳои таъхирнопазири пурзӯр намудани  муқовимат алайҳи зуҳуротҳои  коррупсиионӣ диққатимахсус дода шудааст.  Аз ҷумла Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ дар қатори масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва таъминоти иҷтимоӣ 6 самти асосии муқовимат бо  коррупсияро пешниҳод намудаанд, аз қабили: мустаҳакам намудани назорати давлатии молиявӣ дар самти истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ; таъмини  шаффофият ва ҳамкорӣ дар байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва ошкори ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта; таъмини шафофияти фаъолияти мақомоти идоракунӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ бахусус дар раванди хариди давлатии мол; таҷдиди назар намудан дар масъалаи ҳуқуқи дахлнопазирии шахсони мансабдор, ва вазъи ҳуқуқии вакилони парламент, аъзоёни ҳукумат, судяҳо ва дигар кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ; аз тариқи қонунгузорӣ пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ тавассуути гузаронидани экспертизаи қонунҳо; муқаррар намудани масъулияти роҳбарони тамоми зинаҳои мақомоти идоракунии давлатӣ ҷиҳати пешгирии коррупсия дар фаъолияти худ.

Ҳамчунин ба тамоми вазоратҳо ва идораҳои давлатӣ супориш дода шудааст, ки барномаҳои мукаммали дохилиидоравии зиддикоррупсиониро оиди пешгирии ҳолатҳои сӯистифода аз мансаб, азонихудкунии моликияти давлатӣ, порахурӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ қабул намоянд.

Баҳри амалӣ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия 30 апрели соли 2010 аз ҷониби Президенти мамлакат таҳтми № 864 Фармон «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Бо фармони мазкур «Тадбирҳои иловагӣ» тасдиқ карда шудаанд, ки онҳо бо Конвенсияи СММ оиди мубориза бар зидди коррупсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мутобиқ буда, ба рушди минбаъда ва сари вақт амалӣ намудани талаботҳои  «Стратегияи мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008- 2010»  тақвият мебахшанд. Бо ҳамин қонун масъулияти бевосита барои муқовимат бо коррупсия ба зиммаи роҳбарони вазорату идораҳо  вогузор карда шуда,  ба Ҳукумат супориш дода шуд, ки нақшаи ҷорабиниҳо оиди таъмини иҷроиши тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсияро дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  тайёр намуда,  рафти иҷроиши онро зери назорати қатъӣ қарор диҳад.

«Тадбирҳои иловагӣ», аз 3 қисм ва 10 банд иборат буда, таъмини рушди қонунгузориро оиди муқовимат бо коррупсия, беҳтар намудани идоракунии давлатӣ дар самти таъминоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва иштироки ҷомеаро дар  пешгирии коррупсия пешбинӣ менамоянд.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар сарсухани «Тадбирҳои иловагӣ  нигаронии ҷидии сарвари давлатро оиди вазъи коррупсия инъикос кардааст. Аз ҷумла дар он омадааст, ки «Новобаста аз андешидани чораҳои дахлдор коррупсия чун пештара ба фаъолияти мӯътадили ҳамаи сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ садди роҳ гардида, барои ҷорӣ намудани навсозиҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёти миллӣ монеаи назаррас шуда, боиси дар ҷамъият пайдо гардидани беадолатӣ, маҳдудгардонии ҳуқуқҳои инсон, изтироби ҷиддӣ ва нобоварӣ нисбати институтҳои давлатӣ, пастшавии обрӯву нуфузи кишвар дар сатҳи байналмиллалӣ гардида, ҳамчун яке аз намудҳои таҳдиди воқеӣ ба амнияти давлат дониста мешавад ».

Тибқи Фармони мазкур  баҳри таъминоти ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия, мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ ва иштироки ҷомеа ҷихати пешгирӣ намудани коррупсия аз ҷумла чорабиниҳо ҷиҳати дар қонунгузорӣ пешбинӣ намудани механизми ташхиси зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;мукаррар намудани масъулияти шахсии роҳбарони мақомотҳои давлатӣ ҷиҳати андешидани чораҳои зарурии мукобили коррупсия бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба қонунҳо; муайян намудани рӯйхати мансабҳои мақомоти давлатӣ, ки аз тарафи ишғолкунандагони онҳо эҳтимолияти содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мавҷуданд ва аз санҷиши махсуси онҳо оиди риояи қонунгузории зиддикоррупсионӣ; ҷорӣ намудани механизми ҷойивазкунии (ротатсияи) хизматчиёни давлатӣ; ҷорӣ намудани механизми шаффофияти вазъи молумулкии шаҳрвандон ҳангоми қабул ва адои хизмати давлатӣ; такмили санадҳоли меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи раванди харидорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ; амалигардонии ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати дастрас намудани иттилооти мӯътамад, таҷдиди назар намудани вазъи ҳуқуқии аъзои Парламент, судяҳо, прокурорҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; андешидани чораҳои зиддикоррупсионӣ ҳангоми тартиб додан ва иҷрои буҷети давлатӣ; пешгирӣ намудани коррупсия дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, аз ҷумла бо роҳи  дар КҶ ҶТ пешбинӣ намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои кирдорҳои коррупсионӣ аз тарафи шахсони мансабдори хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ (бо истиснои дорои масъуният) бо роҳи васеъ намудани мафҳуми “шахси мансабдор”ва дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор пешбинӣ намудани ҷавобгарӣ барои “дорошавии ғайриқонунӣ” мутобиқи мафҳуми онҳо дар Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия; таъсис додани Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияро пешбинӣ мекунад.

Баҳри иҷрои Фармони ПрезидентиҶумҳурии Точикистон аз 30 апрели соли 2010 №, 864 «Дар бораи тадбирхои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумхурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳоро оид ба таъмини иҷрои Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солхои 2010-2012  иборат аз 45 банд тасдик  намуда, вазорату идораҳо ва макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатировазифадор намуд, ки иҷрои чорабиниҳои Нақшаи мазкурро таъмин намуда, аз натиҷаашҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани талаботҳои Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия, тақвияти муқовимат вамуборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат, муттаҳид намудани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони тиҷорат ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин бартараф намудани такрори вазифа ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ барои муқобилият бо коррупсия, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 10 январи соли 2007 № 143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи иродаи олии сиёсии сарвари давлат мебошад, ки бо назардошти муҳиммияти проблемаҳои коррупсия ва муқовимат бар он амалӣ гардонида шудааст. Ин ташаббуси навбатӣ идомаи мантиқии корҳои созандагӣ, бунёдкории  сарвари давлат  дар роҳи пешрафту инкишофи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, таъмини ҳаёти осоиштаи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

Самтҳои асоси ва вазифаҳои фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистондар амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, амалӣ намудани назорати давлатии молиявӣ дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани чорабиниҳои оперативи- ҷӯстуҷӯӣ бо мақсади огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ рафъ ва фошнамоии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти корупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, ҷустуҷӯи шахсоне, ки ин гуна ҷиноятҳоро содир кардаанд, гузаронидани таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти корупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди корупсия ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия равона карда шудааст.

Дар асоси банди 20 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Стратегия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 таҳти №374 «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.

Ин қонун асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ваколатдоршудаи давлатии мубориза бо коррупсияро ба таври мушаххас ва возеҳ муайян намуд.

Мувофиқи «Дастурамали омории ҷиноятҳои характери коррупсионидошта ва феҳрести ин ҷиноятҳо», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 414 аз 7 сентябри соли 2006 тасдиқ карда шуда, ва тағйиру иловаҳо ба он аз 30 ноябри соли 2007 49 адад ҷиноятҳои дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобҳои 26 (ҷиноятҳо ба му кобили моликият), 27 (ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ), 30 (ҷиноятҳо ба муқобили ҳоқимияти давлатӣ ва манфиати хизмати давлатӣ), 32 (ҷиноятҳо ба муқобили адолати судӣ), 33 (ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ) ҷойгирифта ба ҷиноятҳои коррупсионӣ шомиланд.

Ба ғайр аз индар Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳукуквайронкунҳои маъмурӣ 20 адад ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҳамчун ҳуқуқвайронуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқаманд эътироф шудаанд.

Ба мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистондар соҳаи мубориза бо қонунигардонии (барасмиятдарории) даромадҳои бо роҳи ғайриқонунӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 724 аз 20 октябри соли 2009 Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Гузашта аз он, баҳри таъмини фазои ҳуқуқӣ дар ин самт 25 марти соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” қабул карда шуд.

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба таъмини ҳифзу ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат тавассути фароҳам овардани механизми ҳуқуқии муқовимат бо қонунунигардонии (расмикунонии)даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм танзим ва асосҳои ҳуқуқии онро муайян мекунад.

Ба ғайр аз он, иҷроиши банди 9-и “Тадбирҳои иловагӣ”, ки ба мақсади ҳамоҳангсозӣ, таҳлил ва баррасии масъалаҳои муковимат ба коррупсия ва муттаҳид намудани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Парламент ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия бо Фармони Президенти мамлакат аз 14 декабри соли 2010 Шурои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд.

Ҷиҳати иҷрои Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олӣ ( 24 апрели соли 2010) бармеоянд,банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба корупсия» аз 30 апрели соли 2010 № 864 ва банди 2 Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба корупсия, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 № 431 тасдиқ карда шудааст, аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонлоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи ташхиси зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия карда шуда, дар арафаи мувофиқа намудан бо вазорату идораҳои марбута қарор дорад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011, № 1021 Консепсияи пешгуии инкишофи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст. Тибқи талаботи банди 22 Консепсияи мазкур, ки ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия бахшида шудааст, аз ҷумла таҳияи лоихаи ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур ин пеш аз ҳама аз бартараф намудани номутобиқатии байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷой доштани омилҳои ба тавлид ва густариши коррупсия мусоидаткунанда, мувофиқкунонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба стандартҳои байналмилалӣ тибқи шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ташкил ва таъмини идоракунии самараноки давлатӣ ва шаффофияти он, дигар паҳлуҳои марбут ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия иборат мебошад.

Инчунин вобаста ба иҷрои банди 38 Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 оид ба ворид намудани мафҳуми “дорошавии ғайриқонунӣ” ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (тавсияи моддаи 20-и Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия) лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ оиди ҷиноят эътироф намудани “дорошавии ғайриқонунӣ” таҳия карда шуда, дар арафаи мувофиқа намудан бо вазорату идораҳои марбута қарор дорад.

Дар сурати қабул шудани  қонуни мазкур аз ҷониби шахси мансабдор ба даст овардани фоидаи ғайриқонунӣ(дорошавии ғайриқонунӣ), ки аз даромадҳои конунии ӯ зиёдтар буда, сарчашмаи пайдоиши он ба таври шаффоф маълум нест, инчунин ба мақсади пинҳон намудани сарчашмаи пайдоиши он додани чунин фоида ба  хешу табор ва шахсони сеюм ҳамчун ҷиноят эътироф карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни  муқовимат бо коррупсия бо бисьёр ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили  Барномаи Рушди Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Ташкилоти Ҳамкории Иктисодӣ ва Тараққиёт, Гуруҳи АвроОсиёи муқовимат бо қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷинояткорона ба дастомада ва маблағгузории терроризм (ЕАГ), Шурои координатсионии мақомоти тафтиши  андозҳои ИДМ (КСОНР),  Шурои Мақомоти Олии назорати молиявии ИДМ (ВОФК), ҳамкории зич барқарор намуда баҳри дар амал татбиқ намудани тавсияҳо ва ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонидани  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон кушиш ба харҷ дода истодааст.

Баргузории як қатор  чорабиниҳои  аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавидошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли Ҷаласаи 9-уми  Шурои Мақомоти Олии назорати молиявии ИДМ дар шаҳри Душанбе  аз 29 сентябр то 2 – октябри соли 2009 ва ба вазифаи Раиси Шурои мазкур  интихоб гардидани Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,   иштироки   ҳайати вакилони Агентӣ дар  конференсияҳои 1-3-юми умумиҷаҳонии мақомоти зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Украина ва Қазоқистон,  ва дигар конфронсу семинарҳои байналмилалӣ, ки дар ҳориҷ ва дохили кишвар баргузор гардидаанд, аз баландравии обрую нуфузи Тоҷикистон ва ҳамкориҳои зич бо ташкилоту конфронсҳои байналхалқӣ  гувоҳӣ медиҳад.

Аз ҷумла, 13-17 сентябри соли 2010 раунди дуюми мониторинг оиди иҷроиши талаботҳои Нақшаи амалиёти Истамбулии муқовимат бо коррупсияи Ташкилоти Хамкории Иктисодӣ ва Тараққиёт (минбаъд ТҲИТ), ки Тоҷикистон аз соли 2003-ум аъзои он мебошад, дар шаҳри Душанбе  баргузор гардид.

Сипас, дар ҷаласаи 9-и  пленарии ТҲИТ, ки рӯзҳои 4-8 декабри соли 2010 дар шаҳри Париж баргузор гардид, Ҳисоботи  коршиносони ин ташкилот оиди иҷрои тавсияҳои Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ ва Тараққиёт оиди муқовимат бо коррупсия аз ҷониби Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.  Коршиносони байналмилалӣ ичрои тавсияҳои зиддикоррупсиониро аз ҷониби Тоҷикистон хуш пазируфта ба он баҳои баланд доданд.

Дар ин ҷаласа қайд гардид, ки Тоҷикистон аз 21 тавсия, ки ба сиёсати зиддикоррупсионии давлат, кримилализатсиякунонии баъзе амалҳои коррупсионӣ ва пешгирии коррупсия марбут буданд, 17 адади онро иҷро намудааст.

Ба ғайр аз он дар ин ҷаласа ба Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия 17 адад тавсияҳои нав дода шуд. Айни ҳол оиди иҷроиши тавсияҳои ташкилоти зикршуда аз тарафи мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо таҳия  ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуда, барои омузиш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Раванди тақвият бахшидан ба фаъолият дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ба мақсади паст намудани сатҳи он дар кишвар идома дорад ва ин бешубҳа ба рушду нумӯи мамлакат, баланд бардоштани обрую эътибори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ мусоидат хоҳад кард.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *