Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Истиқлол эмин будан аз хавфу хатар бошад.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозода С.Т.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии мо низ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар самти муқовимати коррупсионӣ чораҳои зиёдеро андешидааст. Зеро ин зуҳуроти номатлуб дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ паҳн гардида, нуфузи давлат ва эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар миёни мардум паст мезанад.

Дар ин асос, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон узви шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд буда, вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт иқдоми зиёдро амалӣ намуда истодааст.

Ҳамзамон, аз он рӯзҳои аввале, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти сиёсии худро ба даст овард, ҳамаи мақомотҳои ҳокимият ва махсусан, Президенти мамлакат барои мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб чораҳои зарурӣ андешиданд. Ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 “Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)” ибтидо гузошт.

Дар ин давра, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи хусусигардонӣ”, “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Кодексҳои гумрук, андоз, меҳнат, гражданӣ ва ҷиноятӣ қабул гардидаанд. Ҳамчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ ду Стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар асоси онҳо чораҳои маҷмӯии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидоштаи вобаста ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки мавҷуд будани ин санадҳо сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро таҳким бахшида, боиси эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Аз ин рӯ, барои дар амал тадбиқ намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ моро зарур аст, ки дар ҳамкориву ҳамбастагӣ бо аҳолӣ чораҳои заруриро тақвият бахшида, робитаро бо мардум пурзӯр намоем. Чунки муқовимат бо коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии сатҳи коррупсияро коҳиш диҳад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *