Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паём – ҳуҷҷати барномавӣ барои ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагидории кишвар мебошад.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии кишвар ирсол менамояд. Паёми Пешвои миллат ҳамчун роҳнамои ҳадафҳои созандаи кишвар буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҷомеаро дар бар мегирад.

Роҳбари давлат ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмиллалии Тоҷикистон тамоми самтҳои фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлил ва хулосабарории ҳаматарафа қарор дода, оид ба натиҷаҳои ноилгардида ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада барои солҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои мушаххас манзур менамоянд.

Боиси тазаккур аст, ки Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҳуҷҷати барномавӣ барои ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагидории кишвар ва сохтору вазоратҳо, мақомоти давлатӣ ва ҷомеа гардида, дар натиҷаи амалӣ гаштани онҳо Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Зиндагии аҳолии кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, фазои созандагиву ободкорӣ рӯҳияи ҳар як шаҳрванди мамлакатро фаро гирифта, давра ба давра ҳадафҳои давлат дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.

Зикр гардид, ки дар Паёми соли гузашта дастовардҳои Тоҷикистонро дар давраи бисту ҳашт соли истиқлолияти давлатӣ муфассал баён карда буданд. Дар Паёми имсола бошад, таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони маҷлиси намояндагон, аъзои ҳукумат, хизматчиёни давлатӣ ва дар ниҳоят мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба дастоварду камбудиҳои ҷойдошта ва вазифаҳо барои соли оянда ҷалб намуданд. Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат диор ба масъалаи баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷети давлатӣ махсус таъкид гардид, ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли 2020 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ то 15% зиёд карда мешавад.

Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷети 15%, инчунин, музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ 10% зиёд карда мешавад. Омӯзиш ва таҳлили Паёми имсолаи Пешвои миллат собит месозанд, ки Президенти мамлакат ба қудрати созандаи халқи тоҷик итминони комил дошта, дилпурона изҳор намуданд, ки мо бо заҳмату фаъолияти аҳлонаи худ дар ояндаи наздик мушкилотеро, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлатамон вуҷуд доранд, бартараф мекунем ва барои мардумамон шароити зиндагии боз ҳам беҳтару сазовор муҳайё месозем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *