Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Аҳамияти иқтисодиву иҷтимоии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».-Котиби суди иқтисодии шаҳри Душанбе Султонзода Ҷ.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар қисмати 3-юми моддаи 1-и Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Яъне аз муқаррароти мазкури Конститутсия бармеояд, ки давлати иҷтимоӣ, давлатест, ки барои беҳтарнамоии шароити зиндагии ҳар як узви ҷомеа саҳмгузор мебошад, аз ин лиҳоз барои мусоидат намудан барои дар амал татбиқ намудани меъёри мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  санаи 8 июни соли 2007, №272 қабул гардида, бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни мазкур ба он аз санаи 28 августи соли 2017 №1461 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Дар дебочаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба мақсади қабули Қонуни мазкур оварда шуда, чунин гуфта шудааст: «Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст». Бояд гуфт бо мақсади пешгирии сатҳи камбизоатӣ ва бартарафсозии хароҷоти зиёдатӣ ин Қонун аҳамияти калон мебозад, зеро танҳо бо роҳи танзимсозӣ ба воситаи Қонуни мазкур мо метавонем, рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро густариш диҳем, риояи Қонуни мазкур барои беҳбудии шарту шароити зиндагӣ нақши арзанда гузошта, ба тарақиёти иқтисодиёту иҷтимоиёт таъсири мусбии худро мерасонад.

Бояд қайд намуд, ки тибқи моддаи 3-и Қонуни мазкур «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст».

Меъёри мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки сарчашмаи тамоми қонунҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия ба шумор меравад. Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд, қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд (моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Мафҳуми анъана ва ҷашну маросим дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  анъана- маҷмуи арзишҳои моддӣ ва маънавии мероси иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва ё гуруҳҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ буда, аз насл ба насл мегузарад. Арзишҳои моддию маънавӣ гуфта он дастовардҳои фарҳангие мебошанд, ки аз давраҳои солшумории пеш аз милод то имрўз дар ҷомеаи мо тоҷикон боқи мондааст, ба монанди Ҷашни Наврўз, Меҳргон, Сада, ҳамчунин урфу одатҳое, ки то имрўз риоя мегарданд, ба монанди туйи домодию арўсӣ, арўсталбон, домодталбон ва ғайра фаҳмида мешаванд, аз ин лиҳоз бояд гуфт анъана мафҳуми васеъ мебошад.

Маросим бошад, ин тибқи қонун маҷмўи амалҳои рамзиест, ки муносибати шахсон ва гуруҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамояд, яъне маросим ин ҷамъи расм, амали омма мебошад, яъне хусусияти оммавӣ дорад. Маросим на танҳо ба як миллат, ба як қишри аҳолӣ, балки ба тамоми миллатҳо тааллуқ дорад. Ба мисоли маросим чунин ҳолатҳо ба монанди номгузорӣ, гаҳворабандон, фотеҳа, хостгорӣ, фавт, дафн ва дигар чорабиниҳои аз таърих то ба имрўз омадаро овардан мумкин аст. Маросимро метавон ба 2 намуд ҷудо кард: маросими хурсандӣ-туйи домодию арўсӣ, хатнасур ва маросими дафну азодорӣ-ба монанди ҷаноза, се, чил, сол.

Мафҳуми 3-юм ин мафҳуми ҷашн мебошад, ҷашн гуфта доираи вақте дар назар дошта мешавад, ки ҳолати ягон руйдод дар руйхати таърих қайд гардида, бо анъанаҳои фарҳангию динӣ вобастагӣ доранд. Мисоли Ҷашн чунин идҳоро номбар кард: Ҷашни Наврўз, Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, масалан Имсол мо Ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз мегирем, ки яке аз Ҷашнвораҳои таърихӣ ва тақдирсози мо ба шумор меравад.

То имрўз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар пешравии иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат аҳамияти беназири худро расонд, мардумро аз зиёдаравии хароҷоти зиёдатӣ нигоҳ дошт.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *