Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Конститутсия — василаи таъмини адолат:-котиби маҷлиси суди Обидзода Ҷ.У.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии давлат ифодакунандаи  асосҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии он, санади  асосии танзимкунандаи тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ва яке аз муқаддастарин дастоварди даврони истиқлолият мебошад.

Дар натиҷаи кашмакашиҳои дохилие, ки аз ҷониби душманони дохилию хориҷӣ ба сари халқу миллати мо таҳмил шуда буд, рукнҳои давлатдорӣ пурра фалаҷ гашта, фақат баъди баргузор гардидани Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри  Арбоби шаҳри Хуҷанд ва Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди ҷонфидои миллат, марди шуҷою матинирода Эмомалӣ Раҳмон ақлу хиради азалии мардуми мо ғолиб омада, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд. Давлати мо минбаъд ба сӯи ислоҳоти конститутсионӣ қадамҳои нахустини худро гузошт.

Ба шарофати кӯшишҳо ва ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва азму иродаи қавии мардуми Тоҷикистон мо тавонистем 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намоем.

Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳо буда, дар ҷаҳон шинохта ва эътироф шудааст.

Бояд зикр намуд, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки давоми  27 соли амал намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, пеш аз ҳама, баҳри ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон нигаронида шудаанд. Дар ин давра ҷиҳати татбиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастуру ҳидоятҳо ва Паёмҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳо, кодексҳо, қонунҳо, қарорҳо  қабул ва татбиқ шуда, ислоҳоти ҳуқуқӣ бомаром идома ёфт. Консепсияи пешгӯйии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбирҳои пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар солҳои 2008-2015, Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010 ва 2011-2013 ва ғайра таҳия ва қабул шуданд.

Барои татбиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба устувор гардонидани  рукнҳои давлатдорӣ қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии умумихалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуданд, ки рушди давлати ҳуқуқбунёди моро таъмин менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки саҳми Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди қонунгузорӣ хеле назаррас аст. Дар ин давра бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳои мукаммал, аз қабили кодексҳои мурофиавии шаҳрвандӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии иқтисодӣ, оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардашуда» ва даҳҳо қонунҳои дигар қабул шуданд.

Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» иқдоми инсондӯстона мебошад, ки дар асоси он ҳазорҳо маҳбусон озод гардиданд.

Мутобиқи Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ қисми зиёди ваколатҳо доир ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ба салоҳияти суд гузаронида шуда, масъулияти мақоми судӣ дар пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ баланд гардонида шуд.

Дар моддаи 84-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд».

Дар таҳрири нав қабул шудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи судҳо» иқдоми навбатӣ дар роҳи таҳкими ҳокимияти судӣ дар кишвар ва амалӣ гардидани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дар қонуни мазкур чандин муқаррароти нав пешбинӣ шудааст, ки ба таҳкими минбаъдаи фаъолияти ҳокимияти судӣ нигаронида шудаанд.

Бо дарназардошти нукоти зикргардида метавон гуфт, ки вазифаи муҳими  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиа, яъне таъмини истиқлолият, амнияти миллӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди кишвар ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ буда, қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои мардум, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон аст.

Ҷашни 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамон табрику муборакбод мегуям.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *