Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ:-Судяи Суди иқтисоди Шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тарақиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд.                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар давлатҳои соҳибтамаддун баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Конститутсияи худро қабул намуд, ки ин яке аз дастовардҳои азими халқи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Пайдоиши Конститутсия тақозои ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад, ки барои фароҳам овардани шароити арзандаи ҳуқуқӣ мусоидат мекунад.

6-ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо ташаббуси фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бевосита аз ҷониби халқ қабул карда шуд.

Дар солҳои минбаъда бо назардошти талаботи замон, пешравиҳо ва дигаргуниҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамчунин мутобиқи моддаи 99-уми Конститутсия ва ба хотири такмили муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба: – 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз, ифодагари азму иродаи мардуми Тоҷикистон буда, дар асоси он таҷзияи Ҳокимият дар ватанамон ҳукми қонунӣ пайдо кард. Дар ин росто: – Ҳокимияти Қонунбарор, Ҳокимияти Иҷроия ва Ҳокимияти Судӣ ҷудо карда шуданд.

Имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, ки Конститутсияи ҷумҳуриямон санади асосии бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик аст ва дараҷаи самарнокии амалишавии муҳтавои он ба савияи қонундониву риояи бемайлони он аз тарафи ҳар як фарди ҷомеа вобастагии зич дорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалан дар ислоҳоти судии мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард. Маҳз бо нишондоди Конститутсия ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид.

Вобаста ба ин дар моддаи 84-уми Конститутсияи ҷумҳуриямон гуфта шудаааст, ки: Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Тартиби таъсис, ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад. Муҳлати ваколати судяҳо 10 сол аст. Таъсиси суди фавқулода манъ аст.

Конститутсияи мамлакат ҳамчунин заминаи ҳуқуқии иқтисодии ҷомеаи моро муайян намуда, рушду инкишофи устувори онро кафолат медиҳад. Ҳамин аст, ки дар моддаи 12-уми Конститутсия омдааст: Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.”

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзишҳои олӣ эътироф карда, тамоми рукнҳои давлатро барои амалан таъмин намудани ҳифзу риояи он масъул сохтааст.

Конститутсияи мамлакатамон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, чун ифодагари армонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик, самти инкишофи бебозгашти давлатдории миллати тоҷикро ба сӯи демократия ва бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ муайян намудааст.

Тоҷикистони азизамон пас аз қабули Конститутсияи нав роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намудаанд.

Ба назари мо, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият қабули Конститутсия аст. Он сарчашмаи асосии ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, худро чун қонуни асосӣ, қонуни тамоми қонунҳо муаррифӣ намуд. Инсон ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шуданд. Халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.

Тӯли бисту ҳафт сол фаъолияти Конститутсия имкон фароҳам омад, ки низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ ташкил гардад, бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ба таври устувор рушд ёфта,  сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шудааст.

Президенти маҳбубамон, Пешвои миллат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта будаанд, ки “Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Мову Шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эътиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он зиндагонӣ ва амал намоем”.

Конститутсия ба сифати санади олии ҳуқуқӣ заминаҳои қонунии пешгирифтаи ҷомеаро муайян намуда, барои қабули қонунҳои нав ва ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем.

Пас аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ кишвари моро, марди шуҷоъ, Қаҳрамони миллати тоҷик, Президенти мардумии мо Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ карданд, халқи Тоҷикистонро бошад чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва тамаддунофар шинохтанд.

Конститутсияи кишварамон кушояндаи бахту роҳи армони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, хатти озодии виҷдони шаҳрвандони азизи ҷумҳурӣ мебошад. Дар қонуни асосӣ хеле барҷастаю хоно ҳуқуқҳои инсон ифода ёфтааст. Ҳар ҳарфе, ки дар он ба назар мерасад, нерӯи рӯзафзуни халқи тоҷик ва халқҳоеро, ки дар ин сарзамини биҳиштосо умр ба сар мебаранд, меафзояд ва имрӯз онҳо бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ободиву созандагӣ раҳсипор ҳастанд.

Конститутсияи мамлакатамон қонуне аст, ки иқболи моро бар худ дорад ва на ҳамаи халқҳои ҷаҳон бо он қадар шумораи зиёд иқболнома доранд. Ин иқболнома ба тоҷварӣ соҳиби бахту тахт будани мо гувоҳнома медиҳад. Гувоҳнома аз он аст, ки мо соҳиби қонун ҳастем ва он ба талаботи ҷаҳон ва ҷаҳониёну худи мо ҷавобгӯ аст ва аз озодии мо сухан мегӯяд ва ободии моро дифоъ мекунад.

Дар яке аз паёмҳояшон  Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад”.

Ҳар як фарди Тоҷикистон арзишҳои конститутсиониро сарчашмаи зиндагонӣ ва фаъолияти худ қарор дода, ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро, ки кафолати таъмини қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад ҳифз карда, рӯзи қабули Конститутсияро ҳамчун рӯзи бахтномаи миллат ҷашн мегирем.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллии мо ба шумор рафта дар он забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ, парчам, нишон ва суруди миллӣ чун муқаддасоти миллат шинохта шудаанд.

Конститутсияи кишвари азизамон бо мақсади осудаҳолии шаҳрвандони мамлакат қабул гардида, дар он озодии инсон чун арзиши олӣ ифода ёфтааст.

Боварии комил дорам, ки Ватани мо бо сиёсати хирадмандона ва барномаҳои созандаи Сарвари давлатамон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо қадамҳои устувор пеш рафта, Ватани азизамон боз ҳам ободу шукуфон мегардад.

Ҷашни 27–умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи  дустону ҳамватанони азиз муборакбод мегуям!

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *