Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Президент-ҳомии рушду равнақи давлату миллати тоҷик:-Котиби суди иқтисодии шаҳри Душанбе Султонзода Ҷ.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар кишвари азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 16 ноябр Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва сабаби дар ин рўз ҷашн гирифтани Рузи Президент дар он зоҳир мегардад, ки маҳз дар ҳамин рўзи таърихӣ, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.

Худи  калимаи Президент мафҳуми англисӣ буда, маънояш пешво ва пешнишин мебошад ва аввалин маротиба мафҳуми мазкур дар қонунгузории Иёлоти муттаҳидаи Амрико дарҷ гардида буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолият ба як қатор мушкилиҳои сиёсиву иқтисодӣ рў ба рў гардид. Ҷанги шаҳрвандие, ки дар давоми солҳои 90-уми асри гузашта рух дода буд, ба мардум ҳисороти ҷониву молии хешро расонд. Барои аз партави ҷанг озод намдани мардум ва ба роҳи сулҳу оромиш даъват намудани онҳо, давлат ба роҳбари хирадманду дурандеш эҳтиёҷ дошт. Интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президентӣ барои раҳнамоии давлат ва наҷоти миллат чун нишонаи таърихӣ ба шумор мерафт.

Бо дастгириву талошҳои Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон дар тўлӣ 30 сол давлати худро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун эътироф карда тавонист. Эмомалӣ Раҳмон барои заҳматҳои беназираш дар таърихи мардуми тоҷик яке аз қаҳрамонони Тоҷикистон пазируфта шуд, зеро ин қадами қаҳрамонӣ на аз ҳама кас муяссар мегардид. Мардумро ба сулҳу оромӣ даъват намудан ва давлатро аз таназзул ба таҳаввул ва аз таҳаввул ба ташаккул табдил додан, ин ҳам бошад, аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Бо роҳи чандин мулоқоту суҳбатҳо ва музокироти пайваста давраи сулҳи тоҷикон дар асоси имзои санади таърихии «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» , ки дар таърихи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба анҷом расид ва ин сана дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун Рўзи Ваҳдати миллӣ сабт гардида буд.

Бояд қайд намуд, ки боби 4-и Конститутсияи Xумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун боби алоҳида ба Президент бахшида шудааст. Боби мазкур 9 модда, яъне аз моддаи 64 то моддаи 72-ро дарбар мегирад. Дар асоси моддаи 64-и Конститутсия Президенти Xумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия ( яъне Ҳукумат) маҳсуб меёбад. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Президент, ин роҳбар, пешво ва эҳёгари халқу миллат, ҳамчунин ҳомии рушду равнақи  давлату миллати тоҷик маҳсуб меёбад.

Президенти мо-ифтихори мо.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *