Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:-Котиби маҷлиси Судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ҳамин мехоҳам дар бораи Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сухан ронам.

Баробари истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима дод. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодаи оилаи деҳқон буда, баъди хатми мактаб ва адои хизмати ҳарбӣ ҳаёти худро ба меҳнати созанда пайвастааст. Ҳамчун хатмкардаи Донишгоҳи миллӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи хоҷагиву ҳизбӣ фаъолият кардааст. Ҳамчун вакили Шӯроӣ Олӣ бо дониши амиқ, мардонагиву далерӣ соҳиби обрӯву эътибори мардум гаштааст.Баъди интихоби роҳбари нави давлат тавассути заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои СММ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ гашт. Аз ин лиҳоз, заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби тамоми халқу миллатҳои кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барҳақ пазируфта шуда, оламиён тавассути баромаду пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, дар ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ бо халқи тоҷик ва ин кишвари биҳиштосо ошноӣ пайдо карданд.

Ҳамчунин Президенти Точикистон пайваста дар бораи инкишофи соҳаи мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҳаёти ҷавонон ғамхориҳо зоҳир менамояд. Маҳз тавассути ғамхориҳои доимиву пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба ин мақсад шумораи зиёди муассисаҳои оливу миёна, китобхонаву осорхонаҳо, марказҳои варзишиву дилхушӣ сохта шуда, ба ихтиёри ҷавонон пешкаш шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама баромаду суханрониҳояш пайваста таъкид месозад, ки ҷавонон қувваи бузурги созанда ва ояндаи миллату давлат буда, барои онҳо бояд тамоми шароитҳо фароҳам оварда шавад. Аз ин лиҳоз, таъкидҳои падаронаи Сарвари давлатамон ҳар яки моро водор менамояд, ки тибқи дастурҳои Президенти кишвар амал намуда, бо меҳнати ҳалолу созанда, таҳсили аъло, интизоми намунавӣ ба дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданиву маърифатӣ ва муҳофизати Ватани азиз саҳм гузорем.

Имрӯз баҳои баландтарин ба фарзанди фарзонаи миллатамон сазовор шудан ба боварии халқ, маъво гирифтан ба дили вай аст, ки хушбахтона ин ба Пешвои маҳбубамон ба пуррагӣ насиб гаштааст. Маҳз бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузургаш дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дода шудааст. Аз ин лиҳоз, барои мо ҳаёту хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ, намунаи беҳтарини хизмат ба Ватан ва ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *