Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ба сулҳу иттиҳод поя ниҳод-Муови раиси Суди иқтисодии шаҳри душанбе Раҷабзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола чун санаи муҳими миллӣ арзёбӣ мегардад. Зеро, ки он дар як айёми барои халқу давлат муташанниҷ, яъне давраи даргириҳои ҷанги бародаркуш пояи асос ёфтааст. Боиси тазаккур аст, ки дар ҳамин гуна ҳолати мураккабу сангин сардори давлат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муяассар гашт, ки тамоми саъю талоши худро баҳри қабул ва устувори таҳкурсии санади бузурги таърихй равона созад. Натиҷаи ҳамин талошҳои ин фарзанди фарзонаи миллат буд, ки рӯзи 6-уми ноябрн соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқй нахустин Конститутсияи даврони соҳибистиқдолй қабул гардид.

Агар ба вазъияти рухдодаи ҳамон айём дар дохилу хориҷи кишвар нигарем ва амиқан аҳамияти оламшумулии онро дарк менамоем. Чунки ягон моҷароҳову иғвоҳои бурунмарзй ва дохилй баҳри мустақилият ва қабули қонуни асосии давлат монеа бунёд карда натавонистанд. Миллати дар низоъ чаҳорпорашуда боз бо ҳидояти сарвари худ муттаҳид гашта, якдилона ба қабули санади баховари худ овоз дод.

Воқеан ҳам ин қонун солорро нахустин бахтномаи халқ номидан бамаврид аст. Маҳз т&вассути он қар як шахрванди Т очужистон таъмини қнмоятн оводнашро ав чрннбн давлат кафолат гирифт. Сониян бо туфанли нн санад нттнқоду вахдати миппат барно гарднда, ^£улҳи деринтизорро бунёд намуд. Дар моддаи 11 (боби якум) гуфта шудааст:

«Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрй ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмиллалӣ муайян мекунад.

Ташвиқоти ҷанг манъ аст.»

Ҳамин тариқ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати парокандаро сарҷамъ намуда, ба ҳар кас имкони зиндагии орому осударо фароҳам овард. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои хирадсолори худ мароми ободкорй ва созандагиро пеш гирифта ба комёбиҳои бузурги меҳнатй ноил гашта истодаанд, ки ин ба дилҳо шодиву фараҳ мефизояд. Ҷоиз аст, ки ба Конститутсия ва сарварамон арҷ гузорем, ки ба чунин роҳи неку ҳаёти шоиста дастёб шудем ва фазои мамлакат тинҷу осоишта мебошад.

Дар таманнои онам, ки чунин оромии Ватан пояндаву абадӣ бимонад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *