Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Стратегияи муқовимат ба коррупсия ҳамчун ҳадафҳои сиёсии зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Сардори шуъбаи коргузорӣ ва назоратӣ суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдураҳимзода М.Н.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 тасдиқ шуда буд, дар самти сиёсати миллии зиддикоррупсионӣ, криминализатсияи коррупсия ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пешгирии коррупсия ҳамчун усули самаранок ва натиҷабахши муқовимат ба коррупсия ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни амалигардонии он санади муҳим арзёбӣ мегардад.

Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта,   ҷиҳати бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлубро пайваста дар суханрониҳои хеш таъкид менамоянд, чорабиниҳои тақвиятбахшандаи фаъолияти кулли соҳаҳо дар самти муқовимат бар коррупсия маҳсуб шуда, бори дигар аз сиёсати оштинопазири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин падидаи номатлуб шаҳодат медиҳад.

Маҷмӯи чораҳои назоратӣ, санҷишӣ, таҳлилӣ, ахборӣ ва арзёбии тадбирҳо, ки давра ба давра дар ҷараёни амалигардонии нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи мазкур гузаронида шуданд, нишон дод, ки ин санади барномавӣ ба амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсии зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои коҳиш додани сатҳи коррупсия дар кишвар ва бартараф намудани он равона карда шудааст, бевосита мусоидат намуда, дар маҷмӯъ ба натиҷаҳои чашмдошт муваффақ гардид. Ҷиҳати амалисозии чорабиниҳо оид ба муқовимат ба коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 Барномаи нави зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)» тасдиқ карда шуд.

Мақсади татбиқи Стратегия  аз он шаҳодат медиҳад, ки ин санади барномавӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсии зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба коҳиш додани сатҳи коррупсия дар кишвар ва бартараф намудани он равона карда шудааст, бевосита мусоидат менамояд. Дар сурати амалисозии воқеии чорабиниҳои дар он пешбинишуда дар маҷмӯъ ба натиҷаҳои ҷашмдошт муваффақ шуда метавонем, ҷиҳати ошкорсозӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои ба зуҳуроти коррупсионӣ  мусоидаткунанда,  оқибатҳои номатлуби зуҳуроти характери  коррупсионидошта пайваста чорабиниҳои судманд доир карда мешаванд. Омилҳои зиёде вуҷуд доранд, ки боиси надониста даст задан ба ҷиноятҳои  коррупсионӣ мегарданд.  Аз ҷумлаи ин омилҳо  паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон   мебошад. Ҷавонони муҳассил бояд баҳри аз байн бурдани қонуншиканӣ, бартараф  намудани омилҳои таҳкимдиҳандаи даст задан ба  ҷиноят, махсусан ба ҷиноятҳои хусусиятҳои коррупсионидошта,  дар сафи пеш қарор дошта бошанд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *