Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Мунъакискунандаи қонунияту адолати судӣ дар кишвар.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, ки ба мақоми олии қонунбарори кишвар ироа гардид, бешат, ба мо-кормандони мақомоти судҳои кишвар низ рӯҳу илҳоми бузурге бахшид.

Дар Паём аз ҷумла, ба мақомоти бахши ҳуқуқ, судӣ ва дар умум, мақомоти қудратӣ. Масъулину мутасаддиёни ин ҷода таъкид шардид:”таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузориро гузаронида. Сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд ва оид ба такмили қонунгқзорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешанд. Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳои, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад.

Бале, аз талаботи Конистутсия ва қонунҳои конистутсионии марбут ба судҳо бармеояд, ки яке аз аломатҳои адолати судӣ, он мебошад, ки ба ғайр аз суд дигар мақомоти давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ адолати судиро ба амал бароварда наметавонанд. Дар давлати ҳуқуқбунёд роҳҳои дигари ба амал бароардани он вуҷуд надорад ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Дар Қонуни конуститсуонии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” роҳҳои ба амал баровардани адолати судӣ комилан муайян карда шудаанд.

Тавре ҳамагон медонем, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлати дар кишвари азизамон руйдодҳои воқеъан таърихиву арзишманд анҷом пазируфтанд ва ҳамарӯза шоҳиди ободу зебо гаштани Ватани маҳбубамон, бунёдкорию созандагӣ дар ҳар гушаи кишвар гардида истодаем. Албатта, аз баракати истиқлолият ва ин ҳама навгониҳо ҳисси ватандӯстиву ифтихори милли аҳли ҷумҳурӣ ташаккул меёбат ва обрӯю эътибору мартабаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣҳамасола боло меравад.

Ҷаноби Олӣ мудом ғамхору дастгири мардуми заҳматпешаи хешанд ва аз ҷиҳати моддию маънавӣ тамоми халқи кишварро пайваста ҳавасманд месозанд. Дар Паёми имсола низ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти ин ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чунин пешниҳод намуданд, аз санаи1- уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад; – аз санаи1 – июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ инчунин,стипендияи донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад. – аз 1-уми июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқараргардида зиёд карда шавад. Ҳадди ақали музди меҳнат аз 1-июли соли 2022 –юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад.  Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки ҷиҳати амалӣ намудани иқдоми мазкур тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд. Бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ зарур аст, ки Конеспсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2040, инчунин, барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шавад. Вобаста ба ин, Ҷаноби Олӣ бори дигпр таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки то соли 2026 шаҳрвандони аз 18- сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд. Дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гардонида шаванд.

Воқеъан ҳам, мақомоти судӣ, хосса, судҳои иқтисодӣ ҳамчун соҳаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар асоси меъёрҳои муқараркардаи Конститутсия ва санадҳои қонунии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин ҷодда масъулияти хос ва рисолати муҳимро ба зимма дошта, бо баррасии босалоҳияти парвандаҳои судӣ қонунияту адолатро бо такя ба қонунҳои ҷории амалкунанда таъмин менамоянд, ки ин ҳама маъниҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсола боз бори дигар ба таври муфассал шаҳру тавзеҳ дода шуданд.

Мо ходимо ва кормандону масъулини  мақомоти судӣ ҳамеша ҳамдилу ҳамрозу ҳаммароми Пешвои муаззами миллатем. Мудом худро ҳамроҳу ҳамрамақу ҳамсафи Президенти маҳбуби давлати хеш меҳисобем ва дар атрофи ин абармарди беназири миллат буданро ба худ шарафу сарбаландӣ ҳисобида, сиёсати созандаю бунёдкоронаи фарзонамарди миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон-ро якдилона ҷонибдори менамоем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *