Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Зиёну зарари моддаҳои мадҳушкунанда қиёсшаванда аст.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мо кулли инсонҳои соҳибақл ба хубӣ медонем, ки Яздони поку бузург он чизҳоеро, ки ба инкишофу пешрафти ақлии инсон зарар мерасонад, комилан манъ намудааст. Инсони нашъаманд худро ба марг маҳрум менамояд, дидаву дониста ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар мегузорад ва албатта рузи қиёмат барои гуноҳи содиркардааш ба муҷозот кашида мешавад. Алъон муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир масъалаи ниҳоят мураккаб ва чун ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, тиҷорати силоҳ ва инсон, терроризм ва экстремизм аст, ки ба суботу амният ва рушди иҷтимоӣ – иқтисодӣ дар алоҳидагӣ ба як кишвар ва дар маҷмуъ ба тамоми минтақаҳо таҳдид дорад. Мубориза бо гардиши маводи мухаддир барои солим нигоҳ доштани насли инсон наҷоти фарҳангу ҳувияти миллӣ мебошад.

Имрӯз паҳнкунандагони маводи мухаддир ба бузургтарин сармояи ҳастии миллату давлати ҳар як кишвар таҳдид мекунанд. Аз лиҳози тиб бошад истеъмоли маводи мухаддир ба руҳу ҷисми инсонҳо зарари калон расонида баданро дар муддати кутоҳ фалаҷу нотавон карда, ҳаракати ҷисмии инсонро боз медорад. Ҳатто ҳангоми истеъмоли маводи мухаддир мағзи сари инсон карахт шуда хотирааш заиф ва ақлаш тамоман бегона мегардад. Маводи мухадир чун моддаи мадҳушкунанда сахттаъсир буда инсонро бо қасодӣ носолимӣ, ва беобрӯи оварда мерасонад. Истеъмолкунандагони маводи мухадир аз обрӯи худ, қадру манзалату ҳиммати худ ва наздиконашон латва ворид месозад, онҳо аз ҳамагон руй гардонида ҳастии ҷонро муҳим надониста худро ба нестӣ оварда мерасонад.

Истеъмолкунандагони маводи мухаддир, ки кайфияти онро аз ҳама боло медонанд, дарёфт кардани онро ба кадом вазъияту қимате, ки набошад пайдо менамоянд. Шахсоне, ки ба ин беморӣ гирифторанд, ҳангоми ёфт нашудани маблағ тамоми дороии бударо фурухта бо роҳи дуздию ваъдаю фиребу найрангҳои доимӣ онро дастрас менамоянд. Зану фарзандони хеш падару модарро хонахароб карда ҷомеаро вайрону азизону наздиконро парешон ва оилаҳоро бесаробону саргардон менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳояшон оид ба ин доғи ҷомеа ибрози андеша менамоянд. Аз ҷумла дар Паёми навбатии хеш Пешвои муаззами миллат чунин изҳор доштанд “Мусаллам аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории созмонҳои экстремистиву терористӣ мебошад. Ҳарчанд, ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда солҳои охир ворид гаштани қочоқи маводи мухаддир ба кишвар то андозае коҳиш ёфтааст, вале афзоиши воридоти дигар намудҳои маводи нашъаовар, ки ба саломатии инсон зарари бештар дорад, баръало ба назар мерасад. Дини мубини ислом ин амали ноҷою зиёноварро манъ менамояд. Дар ҳадиси шариф чунин омадааст. Ба худ ва дигарон зарар марасон, ба ҳамин манзур истифодаи маводи мухадирро дини мубини ислом ҳаром фармудааст, чунки боиси зарарҳои ҷисмӣ ва руҳии инсон мегардад. Ҳамон тавре, ки шароб ва дигар анвои маводи нашъаовар зарарҳои бешумор дорад. Зеро иллат ва ангезаҳо дар байни ҳарду як мебошад. Бале дини мубини Ислом қотеъона истеъмоли маводи мухадирро манъ намуда, нашъамандонро маҳкум мекунад.

Нашъаманд аз раҳмати Худо маҳрум буда, дар дунё ва охират мавриди азоби дарднок қарор дода мешавад, зеро истифодаи маводи нашъадор натанҳо ба худи нашъаманд зарар дорад, балки нашъа сабаби вайрон шудани оилаҳо, ятим мондани кӯдакон, қатлу ғорат, паст рафтани маърифати ахлоқӣ ва садҳо сарчашмаи дигари ғаму кулфату бадиву бадбахтиҳост. Бинобар ин моро шарт ва зарур аст, ки нисбати ин амали зишту ноҷо бетараф набошем, фарзандонро дар рӯҳияи солим тарбия намоем ва ҳар як фарди ҷомеа бояд кушиш ба харҷ диҳад, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, ободонии ватани азиз ҳиссагузор бошад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *