Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Парчам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Парчам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон Парчам мебошад. Парчам дар баробари Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсия, Пули миллӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ин эҳтиром ва арҷ гузоштан ба он  мебошад. Рӯзи Парчам дар қатори ҷашнҳои нави миллӣ фаромӯшнопазир ва рӯзи ифтихору сарфарозист. Худи Парчам барои  миллат эътибору шараф ва як нишони муқаддас аст. Парчами давлатӣ рамзи саодату иқболи мардуми сарбаланди тоҷик ба ҳисоб рафта он баёнгари сулҳу субот буда, ваҳдату ягонагии моро исбот менамояд. Пурафшон гардидани он моро ба сӯи ояндаи неку дурахшон ва фардои ободу осуда раҳнамоӣ мекунад.  Рӯзи Парчам бо ташаббус ва ибтикори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ворид намудани тащийру иловаҳо ба қонунгузорӣ, шурӯъ аз 24 ноябри соли 2009 то ба имрӯз ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Парчамдорӣ, ки ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон, дар партави сиёсати созандаи Ҳукумат аз нав эҳё гардид, барои миллати ватандӯсту соҳибтамаддуни тоҷик сунати аҷдодӣ ба ҳисоб меравад. Бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосиси тақдирсози 16 –ум Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам қабул гардид.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *