Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият вазифаи ҷонии мост.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург аст. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навтаъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Дастоварди бузургтарини мо дар тули 31 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди усувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстӣву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдусти тоҷик муяссар гардид.

Пас аз ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон фавран ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шуруъ намуд. Пеш аз ҳама дар ҷумҳурӣ базаи ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ дида баромада шуд. Дар ин бора қабули қонунҳо оид ба моликият,  кооперативҳо, соҳибкорӣ, дар бораи андози даромад, буҷети давлатӣ, пардохти истифодаи замин ва ғайраҳо шаҳодат медиҳанд. Қобили зикр аст, ки ислоҳоти иқтисодӣ дар шароите оғоз ёфт, ки бо пош хурдани ИҶШС аз як тараф риштаҳои ҳаёти иқтисодӣ канда шуда, аз тарафи дигар бо нарасидани ашёи хом, қисмҳои эҳтиётӣ, аз ҷумҳурӣ кӯч бастани мутахассисони русзабон низ сабаби нарасидани мутахассисон ба корхонаҳои саноатӣ ва таваққуфи сохтмонҳои калон гардиданд.

Бо фаро расидани давраи осоишта дар ҷумҳурӣ барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ қабул гардид, ки он роҳи иқтисодиёти бозоргониро интихоб намуд. Ҳангоми тартиб додани барнома таҷрибаи байналхалқӣ истифода гардида, хусусиятҳои хоси инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба назар гирифта шуд. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони НБО Сангтуда, Помир-1, Роғун, роҳи оҳани Қурғонтеппа-Кулоб, роҳи мошингарди Қулма-Қайроқум, нақби Анзоб шуруъ карда шуда буд, ки пурра иҷро гардидани онҳо дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои мутараққӣ хоҳад гузошт.

Дар ҳақиқат шукргузорӣ аз он мекунем, ки соҳи декабри 1991 вақте ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт, Тоҷикистон мисли ҷумҳуриҳои дигар озодии воқеӣ ба даст овард. Ҷумҳурии мо акнун бо тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мустақилона робита барқарор мекунад. Тоҷикистонро беш аз 170 давлати дунё ба расмият шинохтаанд. Тоҷикистони азизи мо узви Созмони Миллали Муттаҳид гашт ва ба оилаи озоди кишварҳои ҷаҳон пазируфта шуд, ки ин яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Мо бояд ба хотири эътибори бештар пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилаӣ аз дастовардҳои муҳимтарини технологияи муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хубӣ огаҳ ва бархурдор бошем.

Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи соадати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *