Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Терорризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва нақши волидайн дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористӣ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм,ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст. Бо мақсади бартараф, решакан ва маҳкум намудани ин зуҳуротҳои номатлуб давлату ҳукумат аз тамоми имконотҳои мавҷудаи хеш истифода бурда истодааст ва яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аз байн бурдани терорризм ва ифротгароӣ мебошад. Азбаски ин зуҳурот сатҳи байналмилалиро касб намуда, рӯз то рӯз доман густурда истода, марзҳои давлатҳоро убур намуда, дар миқёси ҷаҳон реша давонда истодааст. Аз ин хотир ҳеҷ як давлат дар алоҳидагӣ наметавонад худ ба муқобили ин хатарҳо истодагарӣ намуда, онро маҳв намояд.

Терроризм яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, дар шакли содир намудани кирдорҳои қасдона,аз қабили таркиш, оташ задан, тирпаронӣ аз силоҳи оташфишон, несту нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани амнияти давлат, ҷамъият, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани шумораи зиёди аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият бо мақсади суст кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок,ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, зоҳир мегардад.

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайомадҳои номатлуби ин кирдорҳоро дарку эҳсос намуда, хостгори аз байн бурдани он мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромаду вохӯриҳои худ чи дар дохили кишвар ва чи дар сатҳи байналмилавиву минтақавӣ  аз созмону ташкилотҳои байналмилаӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми шарифи тоҷик даъват ба амал меоранд, ки вақти он расидааст, ки мо бояд садди роҳи ин паймадҳои номатлубро гирем ва нагузорем, ки он рӯз аз рӯз қувват гирифта, боиси халалдор гардидани сулҳ ва амнияти башар гардад. Имрӯз терроризм на танҳо ба давлати алоҳида, балки ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, новобаста аз дараҷаи тарақиёти онҳо таҳдиди бевосита мекунанд.

Бояд қайд намуд,ки ба созмону ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ бештар ноболиғону ҷавонон,ки яке аз табақаҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, ҷалб карда мешаванд,ки ин хеле нигаронкунанда ва ташвишовар мебошад.Зеро сабабҳои асосии ба ин гуруҳҳо пайвастани шаҳрвандон истифода аз алоқаи барқӣ, интернет,аз ҷумла, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд,ки ташкилоттерроистиву стремистӣ бо истифода аз онҳо ба паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсои алоҳида,хусусан, ноболиғон ва ҷавононро ба ҷиҳод ва барҳам додани асосҳои сохтори конститутсионии давлатҳои гуногун даъват менамоянд.Сабаби асосии чунин рафтори ҷавонон ин пеш аз ҳама паст будани сатҳи дониш, маърифати ҳуқуқӣ  ва қобилияти ҷавонон мебошад. Зеро ҷавононе, ки ба ин гуруҳҳо мепайванданд на дониши дунявӣ ва на динии мукаммал доранд. Вобаста ба ин,  волидайн низ дар қатори мақомотҳои давлатӣ вазифадоранд,ки дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа, алалхусус, дар байни наврасону ҷавонон, бо дарназардошти воқеияти имрӯза таълиму тарбияро ба роҳ монда ҷавонон ва наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба воя расонанд.

 

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *