Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Эҳ ҳамдиёри ман, ваҳдат наҷоти мост!.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Таърихи башар гувоҳи он аст, ки давлатҳо дар натиҷаи муборизаҳову талошҳо баҳри ҳифзи тамаддун ва неъматҳои мавҷуда ба муваффақияту дастовардҳои беназир ноил гардидаанд. Ин ҳама ҷоннисориҳо барои ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва якпорчагии сарзамин бахшида шудаанд. Талошу кӯшишҳо гоҳ бо натиҷа ва баъзан бенатиҷа меанҷомиданд, вале ҳадаф як буд: дар Ватани ободу озод кору зиндагӣ кардану онро барои насли оянда ба ёдгор гузоштан.

Имрӯзҳо низ исбот гардидааст, ки давлате, ки дар он сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз пешрафт мекунад. Ҳамзамон ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ рушд менамояд.

Таърихи миллати тоҷик низ ҳамеша ҳамвор набуда, балки шахсиятҳои бузург барои побарҷоии он қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд.

 Хусусан, ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон мақоми онро дар микёси ҷаҳон овозадор намуд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони  Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Аз ин рӯ, танҳо бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро  устувор карда метавонем.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун сиёсати сулҳофаринӣ рушду тараққии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз лиҳози иқтисодю иҷтимоӣ таъмин намуда, барои устувор гардидани низоми сиёсӣ дар кишвар мусоидат намуд ва Истиқлоли давлатиро таҳким бахшид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллит, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: “Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии вокеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд”.

Маҳз бо шарофати ҳамин Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сартосарӣ ва хиради азалии халқамон мо мушт ба синаи пуркинаи душманони миллати тоҷик задем ва хатари аз байн рафтани Ватани азизамонро тавонистем пешгирӣ намоем. Набояд фаромӯш кард, ки заминаи асосии Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама ин хиради азалии худи мардуми худогоҳи ватанпарвар ва саъю талошҳои Сардори давлати навини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  буд, ки моро бо ин рӯзҳои нес расонид.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *