Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Асосҳои ҳуқуқии муқовимат бо тероризм ва экстремизм.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

admin Без рубрики

Таҷрибаи байналмилалӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин самт таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯӣ ба бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии онҳо равонашударо тақозо менамояд. Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷинояти дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза бар зидди он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро тақозо менамояд. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ бошад ҳам, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи ҷомеа ва шаҳрвандон низ зарур аст. Бо мақсади муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки сатҳи мукаммали муқовимат бо ин падидаи номатлуб аз ҷониби давлатҳо ба роҳ монда шавад. Дар ҷомеаи муосир терроризм ва экстремизм аз ҷиддитарин таҳдидҳо алайҳи субботу амнияти ҷаҳонист, аз ин рӯ, барои муқовимат ба ин падидаҳои манфӣ дар сатҳи миллӣ маҷмӯи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ – динӣ андешида шудааст. Ҳамзамон, барои таъмини самаранокии механизмҳои муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар кишвар заминаи ҳуқуқии муқовимат гузошта шудааст. Давлатҳои муосир кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки қонунгузории миллии худро дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм боз ҳам мустаҳкам намоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони солҳои истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул карда шудаанд, ки маҳз барои бартараф намудани сабабу омилҳои гуногуни ба терроризму экстремизм мусоидаткунанда равона гардиданд.

Асосҳои ҳуқуқии муқовимат ба терроризм ва экстремизмро санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин ташкил медиҳад: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”;  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо экстремизм”; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм”; Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ карда шудааст; Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ карда шудааст.

You May Also Like..

Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.

Сиву як сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Артиш миллӣ-неруи тавоно.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Ҳоло бо гузашти беш аз 30 сол аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ба […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *