Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

САМТҲОИ АСОСИИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Фаъолияти давлат дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия (сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ) дар шароитҳои ҳозира ба самти мустакили сиёсати давлатӣ табдил меёбад. Сиёсати зиддикоррупсионӣ таҳия ва мунтазам амалисозии чорабиниҳои давлатӣ оид ба решакан кардани сабабҳо ва шароитҳоест, ки ба паҳншавии коррупсия мусоидат мекунанд. Дар параграфҳои қаблӣ қайд карда шуд, ки коррупсия решаҳо ва сабабҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ташкилӣ-идоракунӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ дорад, бинобар ин пешгирии самарабахш ва маҳдудсозии масоҳатҳои коррупсия коркарду амалисозии маҷмӯи чорабиниҳои айнан чунин характер доштаро тақозо мекунад. Самтҳои асосии ин чорабиниҳои давлатӣ инҳоянд: а) банақшагирии чораҳои зиддиамали коррупсия дар сатҳи умумидавлатӣ; б) такмили қонунгузории миллӣ; в) бунёди низоми пурсамар, боадолатона ва шаффофи қабул ба хизмати давлатӣ ва ба ҷо овардани хизмати давлатӣ; г) фароҳам овардани шароитҳо барои назорати пурсамари ҷамъиятӣ ва давлатӣ ба тақсимот ва сарфи маблағҳои буҷет; ғ) таҳкими ҳокимияти судӣ; д) баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ошкорсозӣ, пешгирӣ ва тафтиши далелҳои коррупсия; е) таҳкими низоми институтҳои давлатӣ аз нигоҳи самаранокии фаъолияти онҳо дар зиддиамали коррупсия; ё) таҳқиқи вазъи коррупсия тавассути методикаи оморӣ, иҷтимоӣ ва усулҳои дигар; ж) вусъати дастрасӣ ба иттилоот, таъмини шаффофияти қабули қарорҳо, ҷалби аҳли ҷомеа ба зиддиамали фаъолона бар зидци коррупсия; з) таълим ва тарбияи зиддикоррупсионии ашхоси мансабдор ва шаҳрвандон. Муваффақияти сиёсати зиддикоррупсионӣ чи дар сатҳи умумидавлатӣ ва чи дар сатҳи идоравй аз бисёр ҷиҳат вобастаи банақшагирии дурусту босифати ин сиёсат аст. Банақшагирии умумидавлатии сиёсати зиддикоррупсионӣ таҳия ва қабули Барномаи (стратегияи) давлатии мубориза бар зидди коррупсия дар давраи муайянро дар назар дорад. Қабл аз таҳияи чунин барнома бояд таҳқиқоти амиқи иҷтимоӣ, оморй ва дигар шаклҳои таҳқиқи ҳолат, сабабҳо ва хусусиятҳои зуҳури коррупсия дар соҳаҳои гуногун сурат бигирад. Барномабандии умумидавлатӣ имконият медиҳад, ки самтҳои асосии пешгирии*коррупсия, мундариҷаи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ, давраҳои гузаронидани онҳо, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии сафарбаршаванда, манбаъҳои маблағгузорй ва механизмҳои назорати амалисозии барнома муайян карда шаванд. Шарти муҳимтарини муваффақият дар таҳияи барномаи давлатӣ ба коркарди ои ҷалб намудани намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои соҳибкорон. созмонҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма мебошад. Бо дар назардошти махсусиятҳои вазифаҳо ва накши ҳар як идора дар амалисозии чораҳои зиддикоррупсионӣ дар асоси барномаи умумидавлатӣ ҳамчунин чорабиниҳои идоравиро таҳия ва амалӣ гардондан мумкин аст. Назорат ба амалисозии барномаи умумидавлатӣ ба зиммаи мақомоти умумидавлатии зиддикоррупсионӣ вогузошта мешавад. Ҳамчунин ҷорӣ намудани амалияи ҳисоботдиҳии мақомоти давлатӣ бо мақсади арзёбии самаранокии фаъолияти зиддикоррупсионии онҳо мувофиқи максад аст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *