Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи муқаддаси худ қарор медиҳад ва дар ин сурат давлати ҳуқуқбунёдро бе таъмини қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти судӣ тасаввур кардан имконнопазир мебошад, ҳол он ки худи давлат дар марҳилаи таърихии инкишофи худ қарор дорад ва аз ин рӯ бояд қайд кард ки муносибатҳои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама ба танзими қонунӣ ва кафолати ҳифзи судӣ ниёз дорад.

Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ карда мешавад.

Тибқи талаботи моддаи 4 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд, ҳифз менамояд.

Вазифаи суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад.

         Тибқи талаботи моддаи 5 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ танҳо аз тарафи суд амалӣ карда мешавад.

         Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

         Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

         Баробарии ҳама дар назди қонун ва суд яке аз асосҳои муайянкунандаи мавқеи шахс дар низоми ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Падидаи мазкурро санадҳои байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешбинӣ кардаанд.  Масалан моддаҳои 2 ва 14 Эъломияи байналмиллалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд муқаррар намудаанд. Илова бар ин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон вобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҷазои ҷиноятӣ муқаррар кардааст. Давлат барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра чораҳои мушаххас меандешад. Барои ҳалли ин масъалаҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” қабул гардида, ки тибқи он давлат иштироки баробарии занонро дар идоракунии давлат кафолат медиҳад. Давлат иштироки баробарии мардону занонро дар рукнҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судии ҳокимияти давлатӣ бо тарзу воситаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ғайра таъмин менамояд.

Пайдо шудани судҳои иқтисодӣ – ин натиҷаи мустақим ва қонунии (табии) ислоҳоти асосии иқтисодиёт ва низоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Инкишофи системаи судҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тағйир додани мақомоти арбитражи давлатӣ ба судҳои ҳакамӣ ва аз он ба судҳои иқтисодӣ анҷом ёфт, раванди ташакккули ҳокимияти судии мустақил ва самаранокро инъикос менамояд. Дар ин ҷо таърих дар бораи муносибатҳои гуногуни ҳалли баҳсҳои байни субъектони фаъолияти соҳибкорӣ шаҳодат медиҳанд.

Баъди соҳибихтиёр эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 ислоҳоти асосии иқтисодиёт ба амал омада, шаклҳои гуногуни моликият ба вуҷуд омаданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти аҳамияти бузурги нақши мақомоти судӣ дар кори мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ муҳофизати ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон дар тамоми давраи Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба фаъолияти мақомоти судӣ диққати махсус медиҳанд. Дар ин бора он далел низ шаҳодат медиҳанд, ки дар давоми солҳои охир силсилаи санадҳое, ки ба тасвиб расиданд, ки онҳо ба мустаҳкам намудани фаъолияти мақомоти судӣ нигаронида шудаанд.

  Тибқи талаботи моддаи 26 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судҳои иқтисодӣ парвандаҳо оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳое, ки бо амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманданд, тобеияти идоравӣ доранд. Судҳои иқтисодӣ парвандаҳоро оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳоро бо иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо, бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти хокимияти давлатӣ, дигар мақомот, шахсони мансабдор, воҳидҳое, ки мақоми шахси ҳуқуқиро надоранд ва шаҳрвандоне, ки мақоми соҳибкори инфиродиро доро нестанд (минбаъд – ташкилотҳо ва шаҳрвандон) баррасӣ ва ҳал менамояд.Ба тобеияти идоравии судҳои иқтисодӣ аз рӯи қонун мумкин аст дигар парвандаҳо низ дохил карда шаванд. Аризаи бо риояи қоидаҳои тобеияти идоравӣ ба истеҳсолоти худ қабулкардаи суди иқтисодӣ бояд аз ҷониби он моҳиятан баррасӣ гардад, новобаста ба он ки дар оянда барои иштирок дар парванда шаҳрванди мақоми соҳибкори инфиродинадошта ба сифати шахси сеюм бе талаботи мустақил ба предмети баҳс ҷалб карда шавад. Судҳои иқтисодӣ парвандаҳои ба онҳо тобеияти идоравидоштаро бо иштироки ташкилот, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ташкилотҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ташкилотҳои дорои сармояи хориҷӣ, агар бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад, баррасӣ мекунанд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *