Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Таҳкимбахши ҳокимияти судӣ.-судяҳои Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Одил Нурализода, Зумрад Баротзода

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҳарчанд дар таърихи давлатдории тоҷикон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ мавқеи шоиставу муайянеро доро буд ва миллати тамаддунофари тоҷик тоҷик тӯли таърих тавонист, ки дар бедории фикрии ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши созгор гузорад, дар ин баробар, ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ин миллатро бори дигар муаррифӣ ва низоми давлатдориву қонунгузориро дар он ҷорӣ ва асосӣ зиндагӣ қарор дод.

Пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва тариқи раъйпурсӣ қабули қонуни асосӣ – Конститутсия ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳими сохтори ҳокимияти давлатӣ ба марҳалаи нав ворид гардид.

Ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се шохаи мустақил – қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим мешавад ва ҳар яке аз онҳо дар асоси Конститутсия ва қонунҳо бо тарзу усули муайян вазифаҳои ба худ хосро иҷро менамоянд. Ҳокимияти судӣ низ ҳамчун навъи мустақили ҳокимияти давлатӣ мувофиқи моддаи 84-и Конститутсия ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат масъул аст. Аз ҷумла, бори нахуст дар низоми судии кишвар ниҳодҳои мустақили судӣ – Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шудаанд.

Ҳамин тавр, ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон мустақил буда, адолати судӣ аз тарафи Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад.

Яке аз арзишҳои муҳими Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо волоият ва амали мустақими меъёрҳои он мебошад. Аз ин рӯ, бо мақсади ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ дар низоми судии кишвар таъсис ёфтааст.

Набояд фаромӯш кард, ки  дар даврони истиқлолият дар низоми судӣ низ ислоҳоти ҷиддӣ анҷом дода шуд. Фаъолияти мақомоти судӣ бар асоси талаботи замон ва меъёрҳои асноди байналмилалӣ танзим гардида, мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ таҳким бахшида шуд.

Дар ин баробар, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ оид ба ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва парвандаҳои дигаре, ки аз тарафи судҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, мақоми олии судӣ буда, дар шаклҳои мурофиавие, ки қонун пешбинӣ кардааст, ба фаъолияти онҳо назорати судӣ мебарад ва оид ба масъалаҳои таҷрибаи судӣ тавзеҳоти дастурӣ медиҳад.

Гузашти солҳо ва таҷлили ин санаи муборак 32-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар моро ба раванди низоми қонунгузорӣ ва адолати судӣ дар он ошно месозад. Дарвоқеъ, Конститутсияи давлати мо, ки дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асоси он бунёд ва таҳия карда мешаванд, аз беҳтарин қонунҳои асосии давлатҳои ҷаҳон дониста шудааст ва дуруст ба амал баровардани ҳокимияти судӣ моҳияту салоҳияти онро пурра месозад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *