Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Стратегияи муқовимат ба коррупсия.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

            Муқовимат ба коррупсия – мафҳуми ин ҷараён асосан аз унсурҳои мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии коррупсия иборат буда, қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва амалишавии он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз гардида, самаранокии муқовимат ба он аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад.   Асосан мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин кам намудани содиршавии чунин қонуншиканиҳо ва баратарафсозии оқибатҳои онро дар бар мегирад.  Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии онҳо эътироф гаштааст. Рўзмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид. Дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба шумор меравад.                                                                                                                                       Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмўи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул дода шуд. Бо тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришватхурӣ)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 қабул гардид ва баъдан 25 июли соли 2005 Қонуни мазкур бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд. Инчунин бо мақсади иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Агентӣ) таъсис дода шуд. Ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти Агентӣ ва мансубияти ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта 20 марти соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2007 №414 “Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо” қабул гардида, ба як қатор санадҳои қонунгузории соҳавӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мубориза бар зидди коррупсия тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.  Бо мақсади андешидани чораҳои маҷмўии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ баҳри тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар доираи он аксари масъалаҳо дар самти мубориза бо коррупсия бо дарназардошти тадқиқотҳои сотсиологӣ, таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар ва таҳлили омории вазъи коррупсия тайи давраи сипаригашта дар ҷумҳурӣ ҳалли худро ёфтанд. Дар доираи Стратегияи зикргардида масъалаҳои самарабахшии мубориза бо коррупсия ва оғози саривақтӣ ва гузаронидани таҳқиқу тафтишоти парвандаҳои ҷиноятҳои коррупсионӣ, мансубияти ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта, механизми муносиби идоракунӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ, ба таври электронӣ ва ба воситаи бонк ҷорӣ намудани пардохти хизматрасониҳои муассисаҳои давлатӣ ва дигар тадбирҳои дар Стратегия пешбинигардида дар кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва андоз танзими худро ёфтаанд.                                                                                                                                                                                                                                     Дар ҷараёни татбиқи талаботҳои Стратегия ҳадафҳои зерин амалӣ мегарданд:                                                                                                        -таъмини рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва суботи сиёсӣ;                                                                                                                                             – ташкил ва таъмини идоракунии муносиб дар мақомоти давлатӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ;                                                      –  ташкил ва амалигардонии идоракунии электронӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ дар доираи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;                                                                                                                                                          – устувор намудани боварии мардум ба давлат, иштироки васеи ҷомеа дар идоракунии давлатӣ ҳамчун ҷонибдории ислоҳоти давлатӣ;                                                                                                                                                                                                                                                                  – баланд бардоштани эътимоднокии шаҳрвандон ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ.                                                                                                   Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад.    Ногуфта намонад, ки  мақсаду мароми Стратегияи мазкур ҷиҳати паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *