Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри соли 2022.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аминзода С.Р.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мувофиқи қисми сеюми моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар сол паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи кишвар, проблемаҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии давлат ироа мегардад.

Дар асоси ин меъёри конститутсиони ва амалияи муосири давлатдории тоҷикон метавон чунин натиҷа гирифт, ки самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии давлат дар паёмҳои Президент шаклбанди мешаванд. Чунин меъёр ба Конститутсияи мамлакат бо тағйироту иловаҳои соли 1999 ворид карда шудааст.

Дар Паёми Президент самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷи мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода мешавад ва барои соли дар пешистода ва солҳои минъбада вазифагузори карда мешавад.

Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, хусусияти барномави дошта, роҳ ва воситаҳои рушду нумўи кишвар, масъалаҳои муҳими самтҳои асосии фаъолияти давлатро дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисоди, маънавию фарҳанги ва сиёсиро дарбармегирад. Бинобар ин Паёми Президент барои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барнома доир ба такмили фаъолияти қонунгузории ў хизмат карда, вазифаҳои асосии мақомоти ҳокимияти иҷроия, пеш аз ҳама, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Шунидани Паёми ҳар солаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии ҷумҳури як ҳодисаи муҳим дар ҳаёти сиёсии кишварамон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Оли аъзоёни Ҳукумат, сарварони мақомоти Олии суди, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони дигар мақомоти давлати, инчунин намояндаҳои корпусҳои дипломати ва воситаҳои ахбори умум даъват карда мешаванд.

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз ҳама инъикосгари пешрафти самтҳои мухталифи ҷомеаи муосир буда, ҳар нуқтаву дастуру пешниҳодоти он ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии мардум равона шудааст.

Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳар як Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунгузории кишвар, ҳамчун ҳуҷҷати барномави роҳҳои ташаккули равандҳои иқтисодиву иҷтимои, сиёсиву ҳуқуқи ва фарҳангию идеологиро муайян менамояд.

Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкори  бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисодии милли ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амали карда шуданд.

Аммо вақтҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.

Дар панҷ соли охир таъсири манфии  бархурдҳои геосиёси, визоъҳои тиҷорати, паҳншавии бемориҳои сирояти, инчунин пайомадҳои тащйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва ощози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқуъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисоди гардид.

Бахусус, соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷорати вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан нархи маводи щизой ба  таври бесобиқа боло рафтанд.

Имрузҳо равандҳои геополитики ҳамоно мураккабу печида боқи монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд.

Ин ҳолат боиси ба мийн омадани таҳлилу хатарҳои бесобиқаи амнияти гардида, дар маҷмуъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилали таъсири ҷидди мерасонад.

Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои милли ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад.

Дар ин замина, давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хорҷии худ робитаҳои дусти ва ҳамкории мутақобилнан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад.

Соли 2022 Тоҷикистон сисолагии барқарор намудани робитаҳои дипломатиашро бо аксари давлатҳои ҷаҳон таҷлил намуд.

Идомаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмуи муносибатҳо бо шарикони стратеги, анъанави ва боэътимод самти муҳимми сиёсати хориҷии моро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, мо саъю талошро ҷиҳати таъмин намудани рушди устувор ва тақвияти руҳияи ҳусни ҳамҷавори, эътимод в адустии пойдор дар минтақаи Осиёи Миёна идома медиҳемю

Тавре дар Паёми Пешвои миллат дарҷ гардид, Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилали, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъи, Созмони амният ва ҳамкори дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисоди, Созмони ҳамкории исломи ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод.

Дар ин раванд, ҳамкории мо бо сохторҳои байналмилалии молияви ва дигар шарикони рушд дар сатҳи баланд қарор дошта, минбаъд низ густариш дода мешавад.

Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилали, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгарои, ҷинояткории муташаккили фаромилли, қочоқи силоҳ ва маоди мухаддир, ҷиноятҳои кибери, инчунин мутобиқшави ба пайомадҳои тащйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт.

Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилали ва низоъҳои минтақави бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибони мекунем.

Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилали ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.

4-уми декабри соли ҷори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли  байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21 март ҳамчун «Рузи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул карилали Муттаҳид баргузор мегардад..

Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчуби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилали оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Воқеан, қабули ин қатънома дар мифёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихи буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳони имкон пайдо меунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомидани тадбирҳои муштараки зарури андешад.

Дар Паёми ҳамасола дигар нуқтаҳои барои ҳаёти иҷтимоии мардум муҳим мавриди назар қарор гирифтанд, ки аз щамхори ва дастгирии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мардум дарак медиҳанд. Сарвари давлат иброз намуданд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳануз аз ощози соҳибистиқлоли пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа-ҳифзи иҷтимоии аҳоли, илму маориф, тандурусти ва фарҳангро яку аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амали карда истодааст.

Бо мақсади дастгирии гуруҳҳои осебпазири аҳоли ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати аз 1-уми ибли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимои барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомони ва иловатан барои ҳар як кудаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомони то 152 сомони ҷудо кардани маблащҳо чораҷуи намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Оли қайд намуданд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳоли аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарҳи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад ва аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурусти, соҳаи ҳифзи иҷтимои ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шуд.

Инчунин аз 1-уми июли соли 2023 андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз Дар бораи нафақаҳои сущуртави ва давлати» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шавад ва нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминави зиёд карда шуд.

Ба андешаи мо, ин ҳидояти Пешвои миллат амри заруриву саривақтист, зеро мо, кормандони Суд дар фаъолияти минбаъдаи худ низ, ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олиро пайгири намуда, дар татбиқи дастуру нишондодҳои Сарвари давлат, ки барои пешрафти ҷомеаи демокративу  ҳуқуқбунёд ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нигаронда шудаанд, иқдом хоҳем кард.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *