Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Конститутсия адолати судиро таҳким бахшид.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Наимов А.А.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни андешаронию мулоҳизаронии хеш, аз ҷумла, чунин ибрози назар намуда буданд: “Раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки макомоти суди, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст». Воқеъан ҳам, боиси ифтихору сарбаландист, ки чанд ҳафта қабл мо санаи ниҳоят таърихӣ ва ё рӯзи фархунда: ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамонро бо умеду орзуҳои нек таҷлил намудем.

Аз нн лиҳоз заминаи камтарин қабл аз ҳама гуфтани ҳастам, ки қабули Конститутсия шакли идора, намуду сохти давлат, тартиби тaшкили низоми асосии адолати судиро таҳким бахшид. Марому вазифаи асосии мақомоти судии Тоҷикистон низ аз ҳар лиҳоз, татбиқи қонуният, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон ба шумор меравад.

Мавриди зикри хос аст, ки маҳз дар cолҳои соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани нақш ва мавқеи ҳокимияти суди дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа тадбирҳои назаррас андешида шуд. Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чаҳор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқи қабул қарда шуданд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳоӣ қонунии шаҳрвандон, ташикилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд. Дар ҳошияи ин барномаҳои мукаммал ва тақдирсоз қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистони, «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷиқистон», кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳаками» аз нав таҳия ва қабул қарда шуданд, қи барои такмили сохтори судӣ, фаъолияти судяҳо ва дар маҷмуъ, барои таҳкими ҳокимияти суди дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд оварданд. Барои ҳамаҷониба омода кардани номзадҳо ба мансаби судягӣ вазифаи коромуз судя ҷорӣ қарда шуд. Ба ин мақсад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 5 апрели соли 2017 Комиссияи ягонаи имтиҳоноти барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромуз – судя таъсис дода шуда, хайати комиссия ва низомномаи он тасдиқ гардид.

Мо ба хуби медонем, қи Конститутсия аҳамияту усул, асосу мавқеъ ва ё принсипи асосии фаъолияти мақомоти судӣ низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати суди ва ваколати судяҳоро муайян менамояд. Мутобиқ ба муқаррароти моддаи 84- уми Конститутсия ҳокимияти суди мустақил буда, аз номи давлат ва аз ҷониби судяҳо амалӣ мегардад. Бо назардошти ин хусусияти фарқкунандаи ҳокимияти судӣ дар мустақилӣ, истисноӣ, ба қонун итоат намудан, ягонагии он таҷассум ёфта, амали гаштани адолати судирo аз номи давлат судяҳо таъмин менамоянд. Аз ин лиҳоз ягон мақомоти дигар ё шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқи таъмини адолати судиро надорад. Яъне, татбиқи амалии ин ҳокимият ба уҳдаи суд ҳамчун мақоми махсус вогузор карда шудааст.

Дар маҷмуъ, расман иброз доштаниам, қи маҳз суд аз рӯи тартиботи муқаррарнамудаи қонун талаботи меъёрҳои ҳуқуқиро татбиқ намуда, муносибатҳои ба вуқуъ омадаро баррасӣ ва ба онҳо баҳои ҳуқуқи дода, дар ин хусус қарорҳои дахлдори қонунӣ ва acоснок қабул менамояд.

Албатта, имрӯзҳо тамоми сокинони сарбаланду меҳнатқарини шаҳри Душанбе, хосса, тамоми мардуми шоду хушиқболи тоҷик баҳри таҷлили шоистаи ин санаи таърихӣ – ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ дида истодаанд.

Мо низ қормандони мақомоти судҳои иқтисодии қишвар дар қатори онҳо қарор дорем ва аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми мардуми тоҷикро бо ин ҷашни фирузу таърихӣ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, самимона табрику шодбош мегуем.

Ҷашни фархундаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳамагон хуҷаста бод!

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *