Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

КОНСТИТУТСИЯ- БАХТНОМАИ МИЛЛАТ.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.Ш.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегирад барои пешрафт ва рушди давлат хизмат мекунад ва бахтномаи ҳар як миллат мебошад. Аз ин рӯ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро он Конститутсияи мукаммале ҳаст, ки ба қатори конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дохил карда шудааст.

Масалан боби дуюми Конститутсия, ки “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” ном дорад ва аз 33 модда иборат аст, пурра ба ҳуқуқ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Дар моддаи 17-и боби мазкур оид ба баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар назди мақомотҳои давлатӣ ва баробарҳуқуқии онҳо байни ҳам чунин гуфта шудааст: “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд.

Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд”. Агар мо ба таърихи ниёгонамон назар кунем,  эътирофи ҳуқуқҳои инсон  дар мадди аввал гузошта шудааст. Мисоли равшани онро мо дар давлатдории Сомониён мушоҳида карданамон мумкин аст ва баъдан, пас аз кашмакашҳои зиёди таърихӣ  халқи тоҷик тавонист, тавассути фарзандони фарзонаи миллати худ соҳиби давлату Конститутсияи худ шавад.  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки халқи тоҷикро муттаҳид сохт ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ  қабул карда шуд, барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон фоли неке барои пешрафти минбаъдаш буд. Он воқеъан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро ҳар вақте ки ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар мекунем,  бархурдод хоҳем шуд, ки он дар чӣ гуна вазъияти ҳассос  таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Дар чунин вазъияти ҳассос қабули Конститутсияи мукаммал, хеле мураккабу душвор буд, аммо бо қавииродагӣ ва мардонагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи азизи кишварамон муяссар гардид, ки қонуни асосии кишвар, яъне Конститутсия худро бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул намоянд ва ин рӯз ҳамчун рӯзи таърихӣ ҳамасола қайд карда мешавад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *