Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Конститутсия сарчашмаи ҳамаи қонунҳо-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Бисту нӯҳ сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994, дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. «Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад», — зикр намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Воқеан ҳам, сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзиданд. Дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ 2685724 овоздиҳанда ба қайд гирифта шуда, 2535437 нафар, яъне 94,4% дар раъйпурсӣ ширкат варзиданд. Хушбахтона 6 ноябри соли 1994 бо тарафдории 2352554 нафар ё 87,59% овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Конститутсияи Тоҷикистон, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад, яке аз конститутсияҳои беҳтарини олам эътироф гардидааст. Бинобар ин, таҷлили рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябр) яке аз идҳои асосии миллии мо маҳсуб меёбад.

— Дарвоқеъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин санади олии ҳуқуқӣ, аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.

Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт. Ҳамин тавр, Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод. Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд. Инчунин Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

Биёед ба гузашта назар кунем ва бубинем, ки ин Конституцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чӣ гуна шароит таҳия ва қабул шуд ва чаро мо онро ҳуҷҷати ттақдирсози миллат меномем.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар он интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа асос гузошт. Баъди барҳам хӯрдани сохти давлатдории шӯравӣ зарурати таҳияи қонунҳои нав, пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи нав ба миён омад. Зеро дар он замон маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Бинобар ин, бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ таъсис ёфта, он лоиҳаи Конститутсияи навро таҳия намуд ва 6 ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Тибқи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, дар арсаи байналмилалӣ онро эътироф намоянд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузори низоми нави давлатдории миллӣ, таҳкимбахши нақш ва мақоми ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, инчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва адолати судиву иҷтимоӣ мебошад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *