Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паём роҳнамои зиндагии мо.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

“Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади  муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунандаи самти сиёсату давлатдорӣ буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ  ва фарҳангиву сиёсииҶумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯи ояндаи дурахшон  мебошад”.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 28 декабри  соли 2023 баргузор гардид, дар ҳақиқат инъикосгари муҳимтарин воқеаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ буда, бобати некӯаҳволии мардум ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистон азизамон як барномаи мукаммал ба ҳисоб меравад. Ин Паём таҳлили вусъатноку илман асоснок буда, ояндаи дурахшони халқу давлат ва рӯзгори пурсаодати мардум мебошад. Ҳар як Паёми Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чун раҳнамо ва барномаи дарозмуддати Ҳукумати кишвар буда, рушду инкишофи минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳимро инъикос ва таъмин менамояд. Дар Паёми навбатӣ низ Сарвари давлат ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва соҳаҳои асосии иқтисодию иҷтимоии кишварро аз диди нав мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор доданд. Паёми имсолаи Роҳбари давлат фарох ва фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишвар буд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки Паёми имсоларо низ чун ҳамасола мардуми кишвар бесаброна интизор буданд ва дастаҷамъона ба тамошо пардохта, ҳар як нуктаи онро дар зеҳни худ ҷой доданд.

Бояд гуфт, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии ҷумҳурӣ 85,7 миллиард сомонӣ равона шудааст. Низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб, ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ шуд. Соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад. Соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба истифода дода мешавад. Бо ин мақсад соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳоло дар ин иншооти муҳимми аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3,5 ҳазор техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд. Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди “сабз” соли 2037 воқеан ба ҷумҳурии “сабз” табдил меёбад.

Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бе рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад. Соли 2017 низоми маорифи мамлакат 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.

Тибқи дурнамо, ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад. Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имконияти низоми маорифро тақозо менамояд. Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст. Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуданд, ки ин ҳоло ҳам кам аст. Зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонад.

Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ ба гурӯҳи давлатҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 давлати таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд. Дар чунин шароит омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсил, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми ҷумҳурӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Пешвои миллат супориш доданд, ки аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 40 фоиз зиёд шаванд.

Инчунин аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шавад.

Бояд гуфт, ки ҳамаи ин тадбирҳо ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри некӯаҳолии аҳолии мамлакат мебошанд. Ҳар сокини мамлакатро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо содиқона ва софдилона барои рушди Ватани азизамон хизмат намояд.

Болоравии сатҳи зиндагии мардумро Пешвои миллат бо пешниҳоди далелу рақамҳои асоснок бозгӯйӣ намуда, дар баробари он хеле бомаврид дастур доданд, ки сокинони кишвар бояд аз исрофкории захираҳои моддию молиявӣ худдорӣ намоянд.

Воқеан ҳам, Паёми Сарвари давлат ҳамчун барномаи мушаххаси рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакат мебошад ва онро метавон чун дастури рӯимизӣ ба сифати роҳнамо истифода бурд. Паём дастурест, ки ҳар яки моро ба ояндаи дурахшон бо азму ирода ва ташаббусҳои созанда таҳрик мебахшад. Месазад, ки мо пайи амалигардии иқдомҳои дурбинонаи Пешвои муаззами миллат камари ҳиммат бандем ва нуктаҳои асосии Паёмро сармашқи кори худ қарор диҳем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *