Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Оилаи солим – зербинои ҷомеаи солим.-Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Ҳотамзода Ш.С.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Масъулият- ин худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин  ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки бар дӯшаш гузошта шудааст, дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Давлати мо низ тавассути қонунгузорӣ бедор намояд. Давлати мо низ тавассути қонунгузори хеш тавонист ба  ин масоил бе тафовув набошад. Пеш аз ҳама, сарчашмаи асосии ин ташаббус меъёрҳои Конститутсияи амалкунанда мебошанд, ки дар қисми дуюми моддаи 34 ин санади олии ҳуқуқӣ чунин омадааст: “Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд”.

Вазифаи падару модар муҳайё намуднаи шароити мусоид барои инкишофи муътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгири ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонад аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд.

Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар Ҷумҳурии мо қонуни миллие қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки соли 2011 қабул гардид, аз 6 боб ва 17 модда иборат аст, дар низоми қонунгузори Тоҷикистон, аллакай, мавқеи махсуси хешро пайдо кардааст. Қонуни мазкур дар афкори тамоми қишрҳои ҷомеа, такони ҷиддиеро ба миён овард, ки акнун тарбияи насли наврас ва масъулияти ояндаи неки онҳо на танҳо як масъалаи оилавӣ, балки аллакай, уҳдадориест, ки аз ониби қонунгузорӣ танзм гаштааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Маврид ба зикр аст, ки миллати тоҷик дар тули таърих ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ медод. Дар қисми якуми моддаи 1 Эъломияи ҳуқуқи кӯдак сабт шудааст, ки “таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзуи асосии ғамхории волидайн бошад”.

Мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд дорои уҳдадориҳои худ мебошанд. Уҳдадории аввале, ки онҳо доранд ин, пеш аз ҳама, ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ гузоштани номи нек мебошад, ки яке аз ҷанбаҳои асосии фардияти кӯдакро ҳамчун фард дар ҷомеа муаррифӣ менамояд, аз ҳамин сабаб кӯдак аз лаҳзаи таваллуд фавран, бетаърих ба гирифтани ном ҳуқуқ дорад. Уҳдадориҳое, ки дар боло зикр гардиданд, ҳангоми риоя нашудан метавонад оқибатҳои ҳуқуқиро ба бор оваранд, ки, аллакай, аз амалияи ҳуқуқӣ ба қисмати зиёди аҳолии кишвар маълум аст ва тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии падару модар барои риоя накардани уҳдадорӣ дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад. Дар заминаи гуфтаҳои боло тамоми қишрҳои ҷомеаро мебояд дар тарбия ва таълими насли имрӯза бетафовут набошанд, зеро танҳо маърифат ва тарбияи дуруст пеши роҳи ҷаҳолатро гирифта метавонад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *