Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Нақши интернет дар фаъолияти (экстремистон) террористон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Истифодаи интернет аз тарафи ифротгароёну (экстремистон) террористон имрӯз боиси тавшиши ҳамаи мамлакатҳои дунё гаштааст. Чун интернет, агар аз як тараф барои дастрасии маводҳои зарурӣ кори инсониятро осон гардонад (зеро ҷомеа ба ахбор, ба инъикоси саривақтӣ ва воқеъбинонаи рўйдодҳои ҳамарўза ниёз дорад), аз тарафи дигар метавонад боиси ба вуҷуд омадани хатари нобудшавӣ ва маҳви инсоният шавад, зеро ба таври шадид боиси густариши терроризм ва экстремизм мегардад».

Рушди бемайлони технология на таҳо ба тағйирёбии фазои иттилоотӣ, балки бевосита ба муносибатҳои истеҳсолӣ низ таъсир расонида,  самтҳои асосии рушди иҷтимоиро муайян  менамояд, ҳатто метавонад муносибатҳои истеҳсолӣ ва тарзи истеҳсолотро дигаргун созад. Ва ҳамин тариқ, ба маданият ва тамаддун таъсир расонида, чун як қисмати асосии инқилоби техникӣ, ки ба арсаи ҷаҳонӣ ворид гаштааст, тағйироти куллӣ ба вуҷуд биёварад. Кишварҳои олам  моҳияти стратегии ин масъаларо дарк кардаанд ва  дар пайи таъмин намудани  амнияти иттилоотӣ буда,  кӯшиш бар он доранд, ки технологияҳои иттилоотиро дар системаи амнияти миллӣ муайян ва мушаххас намуда, барои истифодаи  босамар ва дурусти он тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин  раванд як қатор санадҳо қабул кардааст. Аз ҷумла, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 5 ноябри соли 2003 таҳти №1174) ва Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 7 ноябри соли 2003 таҳти №1175) ба тасвиб расидаанд, ки минбаъд сарчашма ва асоси ҳуқуқӣ дар ин соҳа гардиданд. Дар идомаи ин ду санади муҳим Қонунҳои ҶТ “Дар бораи иттилоот, “Дар бораи иттилоотонӣ”, “Дар бораи ҳифзи иттилоот”, “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот” ва ғайра ба вуҷуд омаданд, ки дар онҳо ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои истифодабаранда дарҷ гардидааст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур муносибатҳои ҳуқуқиро, ки дар раванди ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ, системаҳои иттилоотии автоматикӣ ва шабакаҳо ба вуҷуд меоянд, инчунин тартиби муҳофизат кардани захираи иттилоотӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои дар ҷараёни равандҳои иттилоотӣ иштироккунандаро муайян мекунад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *