Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Сабабҳои бавуҷудоии фаъолияти экстремистӣ ва терористӣ.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Экстремизм ва терроризм хусусияти идеологӣ доранд ва чанд ҷабҳаи пайдошавии он вуҷуд дорад. Экстремизм ва терроризм дар ҳоле сар мезанад, ки идеологҳо нияти ба сари қудрати давлатӣ омаданро пеша мекунанд ва он бештар хусусияти монополиявӣ дорад. Ҳадафҳои террористӣ ва экстремистӣ бештар дорои хусусияти сиёсӣ ва иқтисодӣ мебошанд. Чун яке аз масъалаҳои умумибашарии (мушкилоти глобалии) ҷаҳон, ки ба вуҷуд омадааст, маҳз ҷойи шахсиятҳои дорои шуури сиёсиро ишғол ва танг кардани шахсони дорои шуури иқтисодӣ (бо ном сармоягузорон) аст, ки аз ба сари қудрат омадани худ дарак медиҳанд.

Марксистон мегуфтанд, ки давлатро синфи аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳукмрон идора мекунад. Аммо, ноҳамворӣ ва номураттабии кор дар он аст, ки оё инсоният ва амали тафаккури ў ва талаботҳои иҷтимоии ў, ки эҳтиёҷу зарурати бештар хусусияти гуманистиро пеша кардани кулли инсониятро тақозо мекунад, ба он омода ҳаст ё не?!

Ин масъалаест, ки кибертерроризм ё худ терроризми электрониро тақвият медиҳад. Мутахассисони соҳа бар он ақидаанд, ки падидаи мазкур сол аз сол инкишоф меёбад.

Яке аз сабабҳояш ин инкишофи бемайлони техника ва мусовӣ набудани он ба «донишҳои зинда»-и аксари инсоният ва оқибатҳои номатлуби он сарчашма мегирад.

Масъалаи дигаре, ки дар заминагузории экстремизм ва терроризм вуҷуд дорад, ин идеологияи динӣ ҳаст, ки дар баробари идеологияи давлатӣ дар форматсияҳои гуногуни ҷамъиятӣ шакл гирифтааст. Идеологияи динӣ, ки мазҳабҳои гуногунро дар бар мегирад, бо муноқишаҳои дохилии худ сабаб мешаванд, ки экстремизм ва терроризм на танҳо  маншаъ бигирад, балки инкишоф ёбад. Инсоният дар давоми таърихи инкишофи худ зери таъсири қонунҳои олам зиндагӣ карда истода, аз даврони антиқа то имрўз ҷавоб ба саволҳои нофаҳмоаш ўро водор намуд, ки эътиқодманд шавад. Дар ҳамин росто, ў ба ҷаҳонбиниҳои гуногуни таърихӣ ворид шуд. Маҳз дар ҳамин замина, идеологияи динӣ низ шакл гирифт. Хусусияти махсуси идеологияи динӣ дар ин аст, ки он дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун тафаккури динӣ боқӣ мемонад, вале на дар шакли шуури динӣ, чун шуури динӣ на танҳо эътиқод, балки то андозае ҷанбаи илмӣ дорад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *